Абдуҷалил Бобокалонов
вакил
|
|
---|---|
|
|
Таваллуд |
4 август 1949 |
Даргузашт | 17 феврал 2017 (67 сол) |
АбдуҷалилБобокалонов (4 август 1949, Обиборик, вилояти Суғд — 17 феврал 2017) — омӯзгор, муаррих. Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила, ҳифзи сиҳатӣ ва экология, аз 17 марти соли 2005.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдуҷалил Бобокалонов 4 августи соли 1949 дар деҳаи Обиборики ноҳияи Ғончӣ таваллуд шудааст. Баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Кироваз соли 1971 дар факултаи таърихи ҳамин донишкада фаъолияти илмиву омўзгорӣ бурда, дар вазифаҳои омӯзгор, сармуаллим, мудири кафедра, декан ва ноиб-ректор кор кардааст.
Як даъват вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Мавсуф то лаҳзаҳои вопасини ҳаёт ҳамчун профессори кафедраи таърихи умумии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров ва дар вазифаи муовини якуми раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон фаъолият бурдааст[1].
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]МАЪЛУМОТНОМА ДАР БОРАИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
- ↑ Профессор Абдуҷалил Бобокалонов аз олам даргузашт. sugd.tj. 29 октябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 октябри 2021.
- Pages using the JsonConfig extension
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 4 август
- Зодагони соли 1949
- Зодагони вилояти Суғд
- Даргузаштагони 17 феврал
- Даргузаштагони соли 2017
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон