Jump to content

Деҳоти Далёни Боло

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Далёни Боло
Далёни Боло
Парчам
Парчам
Кишвар  [[|]]
Вилоят Вилояти Суғд
Ноҳия Деваштич
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ (2011) 21495 тан
Номи қавмӣ ғончигӣ
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992

Ҷамоати деҳоти Далёни Боло - ҷамоатест дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғди Тоҷикистон.

Сохтори маъмурию ҳудудии Ҷамоат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз тарафи шарқ бо Ҷамоати Калининобод, аз шимолу шарқи бо Ҷамоати Чавкандаки ноҳияи Истаравшан, аз тарафи шимол бо ноҳияи Истаравшан, аз ҷанубу ғарб бо ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамсарҳад мебошад. Ҳудуди Ҷамоат 12117 га дарбар мегирад.

Шароитҳои табиию иқлимӣ ва захираҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷамоати деҳоти Далёни Боло дар шимолу ғарби ноҳияи Деваштич дар зери қаторкӯҳҳои Туркистон воқеъ буда аз шимолу ғарб бо Ҷамоати Нофароҷи ноҳияи Истаравшан зиёда аз 30 км ҳаммарз мебошад. Сатҳи паҳни ноҳамвори теғадор аз шимол ба ҷануб аз 500 метр то 4743 метр тадриҷан баланд шуда маркази Ҷамоат деҳаи Далёни Боло дар баландии 1050 м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад.Ҷамоат аз захираҳои табии масолеҳи бинокорӣ (гил, хок, сангҳои таҳкурсӣ, сангҳои барои истеҳсоли оҳак) санги мармар бой мебошад. Хокҳои Ҷамоат асосан хоки хокистарранги тира, зардхок, шағалхок, инчунин хокҳои серсанг ва рег вомехӯранд. Хоки минтақаи бешазори арча ва доманаи кӯҳсор қаҳваранг ё худ доминаранг буда, поёнтар ба гашти дашт он ба тирахаки кушод ва зардхок таҷлил меёбад. Иқлими деҳот субтропикии хушк буда, ҳаҷми боришотӣ аз 500 то 700 мм буда ҳарорати миёнаи ҳаво дар моҳҳои июн-июл 30-35 С, дар кӯҳҳо 12-15 С, дар моҳи январ -2-6 ва дар кӯҳҳо -12-15 С хушк мебошад. Дар ҳамвории доманакӯҳҳо дар баландиҳои (1000-1900 метр) набототи биёбонию нимбиёбони эфемирҳо, шибоғ, шутурхор, ҷӯробак, кавар, ковук ва ғайра, дар кӯҳҳо дар баландиҳои зиёда аз 1100-1900 дамои хӯшадорҳо, лубиёҳо, гулҳо, буттаҳои зирк, настаранг, бодомӣ, бодоми талхак ва ғайраҳо мерӯянд. Дар водиҳои ноҳия бошад зироатҳои маданӣ, гандум, ҷав, ҷавдор, сулӣ, ҷуворимакка, нахуд, лаблабу, шалғам, турб, пиёз, сабзӣ, помидор, бодиринг, харбуза, каду, ангуру тут, себ, нок, шафтолу, зардолу, гелос парвариш меёбанд. Олами ҳайвонотро юрмон, харгӯш, рӯбоҳ, гург, хуки ваҳшӣ, ҷайра, хирси мала, оҳу, бузҳои ёбоӣ; паррандаҳо: кабк, мурғи ҳилол, мастка, зоғ, уқоб, бургут, мусича, гунҷишк, фароштурук, акка, кабӯтари ёбоӣ, бедона, булбул; Моҳиҳо: ширмоҳӣ, гулмоҳӣ, пешонағафс-хазандаҳоро мор, калтакалос, сусмор, каждум, калпеса намояндагӣ мекунанд[1]

Деҳоти ҷамоат

[вироиш | вироиши манбаъ]
Деҳаҳои Ҷамоати Далёни Боло
Деҳа Аҳолӣ
Навобод (деҳаи н. Ғончӣ)
Файзобод (деҳаи н. Ғончӣ)
Қалъачаи Арбоб
Демнора
Далёни Боло
Далён
Обиборик