Абулаббоси Найрезӣ
Абулаббоси Найрезӣ | |
|---|---|
| форсӣ: ابوالعباس فضل بن حاتم نیریزی ар. الفضل بن حاتم النيريزي[1] | |
| Таърихи таваллуд | тақрибан 865[2][3] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 922[4] |
| Маҳалли даргузашт |
|
| Фазои илмӣ | риёзиёт |
| Ҷойҳои кор | |
Абулаббос Фазл ибни Ҳотими Найрезӣ (ар. أبو العباس الفضل بن حاتم النيريزي; ? — тақр. 922, Найрез, Шероз) — риёзидон ва ахтаршиноси форс-тоҷик, узви Дорулҳикама, муаллифи «Зиҷҷу-л-кабир», «Зиҷҷ-ус-сағир», «Самту-л-қибла» ва «Китоби тафсир».
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Бағдод, дар дарбори халифаи аббосӣ Муътазид (ҳукмронӣ 822 — 903) кор ва эҷод кардааст. Соҳиби таълифоти бисёрест, амсоли «Зиҷу-л-кабир», «Самту-л-қибла», «Китоби тафсир», «Китобу-л-арбааи Батлимус» ва ғайра Китоби «Эҳдосу-л-ҷав»-ро ба номи халифа Мӯътазид таълиф кардааст. Ибни Надим дар «Ал-Феҳрист» менависад: «Найрезӣ дар илми нуҷум ва ҳайат ангуштнамо буд». Берунӣ дар «Қонуни Масъудӣ» ва «Осору-л-боқия» ба асарҳои илмии ӯ баҳои баланд додааст. Абулаббоси Найрезӣ доир ба устурлоб ва ҳаракати сайёраҳо рисола таълиф намуда, ба «Ибтидо»-и Уқлидус (Евклид) ва асарҳои Батлимус (Птолемей) шарҳ навиштааст, ки онро Герардои Кремонӣ (1114—1187) ба лотинӣ тарҷума кардааст. Як нусхаи ин тарҷума дар китобхонаи Лейпсиг маҳфуз аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ الزركلي خ. ا. الأعلام (араб.): قاموس تراجم لأشهر الرجال والنساء من العرب والمستعربين والمستشرقين — 15 — بيروت: دار العلم للملايين, 2002. — Ҷ. 5. — С. 147.
- ↑ 2.0 2.1 Муъин М. فرهنگ فارسی معین — Amir Kabir Publishers, 1972.
- ↑ 3.0 3.1 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ (unspecified title) — OpenITI.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абулаббоси Найрезӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.