Абулкаломи Озод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулкаломи Озод
урду: مولانا ابوالکلام محی الدین احمد آزاد‎
Таърихи таваллуд 11 ноябр 1888(1888-11-11)[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 22 феврал 1958(1958-02-22)[2][1][3] (69 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Ҷоизаҳо
Bharat Ratna
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абулкаломи Озод, Муҳйиддин Аҳмад Ибни Хай­руддини Деҳлавӣ (урду: مولانا ابوالکلام محی الدین احمد آزاد, банголӣ: আবুল কালাম মুহিয়ুদ্দিন আহমেদ আজাদ; 11 ноябр 1888 — 22 феврали 1958) — рӯзноманигори урдузабон, сабкшиноси порси­гӯй, мутафаккири исломӣ, муборизи роҳи озодӣ ва нахустин вазири омӯзишу парвариши Ҳинд дар замони Гондӣ, ки намунаи исломиро ба унвони сармашқи ваҳдати мардуми Ҳинд тавсия мекард.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Асли Абулкаломи Озод аз тоҷикони сарзамини Ҳирот буда, ки дар замони Заҳируддини Бобур поягузори императории хонадони бобурӣ дар Ҳинд ба он ҷо ҳиҷрат кардаанд. Падараш Хайруддини Деҳлавӣ яке аз суфиёни бо­нуфу­зи сарзамини Ҳинд соли 1275 ҳ/1859 м ба Макка ҳиҷрат кард. Вай пас аз сукунат дар он ҷо ба духтари хоҳари муфтии Мадина Шайх Муҳаммад ибни Зоҳири Ватрӣ бо номи Олия издивоҷ намуд ва моҳи Зулҳиҷҷаи 1305 ҳ./1888 м дуввумин ва охирин фарзанди эшон Муҳйиддин Аҳмад маъруф ба Абулкаломи Озод, ки номи аслӣ ва таъри­хиаш Фирӯзбахт аст, дар маҳаллаи Қидра наздик ба Бобуссаломи Ҳарам дар Макка мутаваллид гардид. Хайруддин соли 1316 ҳ./1898 м бо хоҳиш ва исрори муридон ва дӯстонаш бо тамоми аҳли хона­вода ба шаҳри Калкуттаи Ҳинд баргашт, ки фарзандаш Абулкаломи Озод ҳанӯз даврони кӯдакиро аз сар мегузаронид.

Ниёгони Абулкаломи Озод бо пешоҳангони таҷдиди андешаи динӣ ва пеш­воёни шаръгаройи тариқат дар Ҳинд, ба монанди Шайх Аҳмади Сарҳиндӣ, Шоҳвалиюллоҳи Деҳлавӣ ва Шоҳабдулазизи Деҳлавӣ робитаи фикрӣ ва руҳӣ доштаанд.

Абулкаломи Озод улуми ибтидоӣ ва мутавасситаро назди падараш омӯхта, дар синни понздаҳсолагӣ таҳсил дар низомияро ба поён расонд ва аз ҳамон оғози навҷавонӣ бо ҳофизаи неруманд, зеҳни пӯё, нубу­ғи фитрӣ, маҳорати фоиқ дар суханронӣ ва бадоҳати насру шеър маш­ҳур гардид. Вай муддате зери таъсири ҷазбаи эътиқодоти ис­лоҳта­бона ва илоҳиёти ақлгаройи сер Саййид Аҳмадхон муассиси до­нишгоҳи исломии Алигарҳ қарор гирифт ва бар асари тазоди до­нишҳо ва омӯзаҳои тозаи ӯ бо андӯхтаҳои суннатӣ ва эътиқодоти маврусиаш ва адами тавони эҷоди пайванде дар миёни онҳо соли 1905 дучори буҳрони эътиқодӣ ва гирифтори афкори дингурезӣ гардид ва то авохири соли 1908 як даврае дар миёни нафйу қабул, куфру имон, шакку таҳайюр, беэътиқодӣ ва ҳисгаройиӣ қарор дош­тааст. Аз сӯйи дигар, мушоҳидаи ихтилофи ақида дар миёни дин­ҳои мухта­лиф, хоссатан дар миёни фирқаҳои гуногуни пайрави ди­ни ислом ба ин буҳрони руҳӣ дар вай бештар доман зада буд ва фикри ӯро то ҷое ба ҳайрат афканда, ки дар бораи худи дин низ ба шак афтода буд. Ба гуфтаи худаш: Ба ҷое расидам, ки занҷирҳои одатҳо ва расму ойини тарбияи қадимӣ, ки бар дасту поям баста бу­данд, гусехта шуданд ва аз он бандҳо озод шудам ва бар он шудам, ки роҳи хешро худ биёбам. Дар ин давра буд, ки тахаллуси Озодро барои худ баргузидам, то дигар пойбанди боварҳои куҳан ва одат­ҳои маврусӣ набошам. Са­ранҷом, пас аз чанд соле рӯёрӯйӣ бо ин таниш­ҳои фикрӣ бо тавфиқи илоҳӣ ба шакку тардиди худ дар бораи эъти­қодоти динӣ ва андешаҳои руҳан ҳазмногаштааш поён бахшид ва ба ҳавзаи имон ба Худо бозгардид.

Фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Давраи рӯзноманигории Абулкаломи Озод бо таъсиси маҷаллаи ислоҳталаби Лисонуссидқ оғоз шуд ва пас аз баста шудани он бо Аннадва, орга­ни нашаротии Надватулуламои Ҳинд дар Лакнау, ки зери назари Муҳаммад Шиблии Нуъмонӣ фаъолият мекард ва рӯзномаи маъру­фи Вакил дар Амритсар ба ҳамкорӣ пардохт ва соли 1906 сардаби­рии он рӯзнома ба вай супурда шуд.

Абулкаломи Озод зимни сафаре ба баъзе кишварҳои Шарқи Авсат ва Аврупо тайи солҳои 1908—1912 дар Ироқ, Туркия, Миср ва Порижу Ландан бо пешоҳангони бедории исломӣ дар ҷаҳони араб ва ислоҳталабони турк (ҷавонтуркони камолӣ) дидор ва бо андешаҳои ислоҳии онҳо аз наздик ошно гардид. Навиштаҳои муосирони ҷаҳони араб, ки аз фароянди мактаби фикрии Саййид Ҷамолуддин Афғонӣ ва шогир­даш муфтии диёри Миср Муҳаммад Абду нашъат ме­гирифтанд, ба­хусус андешаҳои исломӣ ва афкори ислоҳталабонаи Рашид Ризо муассиси маҷаллаи пурнуфузи Алманор Абулкаломи Озод-ро зери таъсир қарор доданд ва баъдҳо дар фароянди андешаҳои сиёсӣ, фикри динӣ ва мубори­заҳои озодихоҳии вай нақши созандае доштаанд.

Вай соли 1912 пас аз бозгашт дар Бангол маҷаллаи ҳафтагие бо номи Арҳилол мушобеҳи маҷаллаи Урватулвусқои Саййид Ҷамо­луддин роҳандозӣ намуд ва дар тавҷеҳот ва мақолоти худ нахуст ба эҳёи дубораи руҳи исломи қуръонӣ ба унвони ягона роҳи ҳалли мушкилоти миллат дар миёни мусалмонони Ҳинд пардохт ва дар марҳалаи баъдӣ мехост мусал­мононро аз тариқи мушоракат бо ҳиз­би анҷумани Ҳинд ба сӯйи ҷун­биши сиёсие барои касби истиқлол ва таъсиси давлати худмухтор раҳнамун гардад.

Абулкаломи Озод яке аз пешго­мони ҷунбиши озодихоҳии Ҳинд бо роҳбарии Муҳомото Гондӣ ва аз дӯстони ӯ буд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]