Абулфараҷи Исфаҳонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абулфараҷи Исфаҳонӣ
ар. أبو الفرج الأصفهاني
Kitab al-aghani.jpg
Санаи таваллуд:

897[1]

Зодгоҳ:

Исфаҳон

Санаи марг:

20 ноябр 967(0967-11-20)[1][2][…]

Маҳалли марг:

Исфаҳон

Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият:

шоир, муаррих, адиб, мусиқидон, нависанда

Забони осор:

арабӣ[1]

Абулфараҷи Исфаҳонӣ (Абулфараҷ Алӣ ибни Ҳусайни Исфаҳонӣ, ар. أبو الفرج الأصفهاني‎; 897, Исфаҳон967, ҳамон ҷо) — мусиқашинос, шоир, забоншинос ва мунаҷҷими форсу тоҷик.

Зиндагинома[вироиш]

Абулфараҷи Исфаҳонӣ илмҳои замонашро дар зодгоҳаш омӯхта, муддате дар Бағдоду Ҳалаб чун надими дарбор хизмат кардааст. Дар илмҳои ситорашиносӣ, мусиқӣ, таърихнигорӣ, адабиёт истеъдоди баланд доштааст. Абулфараҷи Исфаҳонӣ муддати зиёд ба кишварҳои Арабу Аҷам сафар карда, роҷеъ ба осори фарҳангӣ, адабӣ, ҳунарӣ, мусиқӣ ва шеър ахбори зиёде ҷамъоварӣ намудааст ва онро дар асари қомусиаш «Китоб-ул-ағонӣ» («Китоби сурудҳо») ҷой додааст. Бино ба ахбори манобеи хаттӣ Абулфараҷи Исфаҳонӣ роҷеъ ба мусиқӣ асарҳои бисёре таълиф намудааст: «Китоб-ул-муҷаррад ал-ағонӣ», «Рисола фӣ ағонӣ», «Китоб фӣ-н-нағам», «Китоб-ул-ахбор-ил-қиён» (занони сароянда), «Китоб-ул-ғилмон-ил-муғаннин» (писарони сароянда) ва ғайра «Китоб-ул-ағонӣ»-и Абулфараҷи Исфаҳонӣ дар омӯхтани таърихи мусиқии форсу тоҷик ва диг. кишварҳои Шарқ аҳамияти калон дорад.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Раҷабов А., Суннат ва навоварӣ дар тамаддуни мксиқии замони Рӯдакӣ, Д., 2008;
  • Донишномаи Шашмақом, Д., 2009.
  • Турҷонизода А. Таърихи адабиёти араб. – Теҳрон, 1348;
  • Абӯлфараҷ Исфаҳонӣ, Китоб-ал-оғонӣ. – Қоҳира, 1900-1905;
  • Фарҳангномаи мусиқии Эрон. – Теҳрон, 1376;
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1. – Душанбе, 1988.

Сарчашма[вироиш]