Jump to content

Абулқосими Балхӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулқосими Балхӣ
араб. ар. عبد الله بن أحمد بن محمود البلخي الْكَعبي
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: олим
Таърихи таваллуд: 886
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 19 август 931(0931-08-19)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом[1]
Самти фаъолият: илми калом, ақида, илоҳиётшиносии исломӣ[d][4] ва фалсафаи исломӣ[4]
Ҷойи кор: Бағдод[1]
Устодон: Q100258797?[1]
Шогирдон: Abū Rashīd al-Nīsābūrī[d][5]
Вироиши Викидода

Абулқосим Абдуллоҳ ибни Маҳмуди Балхӣ (ар. أبو القاسم عبد الله بن أحمد بن محمود البلخي‎; 886, вилояти Балх[1][2]19 август 931, Балх, вилояти Балх[3]) — фақеҳ, муҳаддис, мутакаллим, муаррих, котиб ва дабири баъзе аз умарои Сомониён, муаллифи «Қабулу-л-ахбор ва маърифату-р-риҷол», «ат-Тафсири кабир фӣ-л-Қуръон» ва «Китобу-ғ-ғуррар ва-н-наводир».

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Балх таваллуд ёфта, таҳсилоти ибтидоиро низ дар он ҷо гирифтааст. Дар калом ба эътизолу эътиқод ва муътазилӣ низ машҳур буд. Котиби Муҳаммад ибни Зайд ба шумор мерафтааст. Муддати тӯлонӣ дар Бағдод иқомат гузида, дониши худро такмил дод. Бо фармондеҳи саркаши Наср ибни Аҳмади Сомонӣ — Аҳмад ибни Саҳли Марвазӣ наздикӣ ҷуста, мақоми вазорати ӯро низ ба даст овардааст. Бо шикасти Марвазӣ Абулқосими Балхӣ низ муддате зиндонӣ шуд. Ӯ ҳамеша афкори эътизолии худро миёни мардум тарғиб мекард ва то ҷое ҳам дар ин кор муваффақ гардида, сабаби хашми Абумансури Мотуридӣ гардид. Номбурда дар осораш ба Абулқосими Балхӣ аз назари интиқодӣ нигаристааст.

Бештари осори Абулқосими Балхӣ дар фалсафа ва калом буда, машҳуртарини онҳо «ат-Тафсири кабир фӣ-л-Қуръон», «Мақолот», «Уйуну-л-масоил ва-л-ҷавобот» дар 9 ҷилд, «Ғурар ва-н-наводир» ва ғайра мебошанд.