Абунувос
![]() |
ар. أبو نواس | |
![]() | |
Номи пурра | Абунувос Ҳасан ибни Ҳонӣ |
Таърихи таваллуд: | 762 |
Зодгоҳ: | Аҳвоз |
Таърихи даргузашт: | 813 |
Маҳалли даргузашт: | Бағдод |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Жанр: | шеър[1] |
Забони осор: | арабӣ |
![]() |
Абунувос Ҳасан ибни Ҳонӣ (тав. 762, Аҳвоз – 813, Бағдод) — шоири арабизабони эронинажод.[2]
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Дар ҷавонӣ аз падар маҳрум шуд. Ҳамроҳи модараш ба Басра кӯчида, дар назди Волиба ибни Ҳубоб ном шоири араб аз шеъру шоирӣ сабақ гирифт. Пас аз муддате Абунувос дар шоирӣ шуҳрат ёфт ва ба Бағдод рафта, дар силки шоирони дарбори халифаҳо Ҳорунуррашид ва Амин ворид гардид. Абунувос дар тамоми навъҳои назми арабӣ шеър гуфтааст. ӯ чун бунёдгузори навъи тардиёт (шеърҳо дар васфи шикор) шинохта шудааст, вале Абунувос бештар бо хамриёт (шеърҳо дар васфи май, бодаю соғар) шуҳратманд гардидааст. Ба шарофати Абунувос хамриёт дар адабиёти араб мавқеъ пайдо кард ва ба навъи мустақили эҷодӣ табдил ёфт. Зимни тасвири бодаю соғар, лаҳзаҳои гуворои ҳаёт, таваҷҷуҳи бепоёни худро ба тамаддуни ниёгонаш ифода намудааст ва ақоиди шуубияи худро иброз доштааст.
Ашъор[вироиш | вироиши манбаъ]
Абунувос дар ашъораш аз калимаҳои форсӣ хеле фаровон истифода намудааст. Дар офаридаҳои ӯ номи шахсиятҳои таърихӣ, асотирӣ, фолклории пешазисломӣ вомехӯранд, тасвири расму оин ва анъанаҳои зардуштӣ ба назар мерасанд. Чунин шеърҳои Абунувос бо номи «форсиёт» маъруфанд. Абунувос чун шоири озодандеш, шӯхтабъу ҳозирҷавоб, базлагӯю зиндадил дар байни халқ машҳур буд. Аз ин ҷост, ки дар бораи ӯ ва ё аз номи ӯ латифаҳои мутоибаиву ҳазломез ба миён омадаанд. Ашъори боқимондаи Абунувос дар ҳудуди 12 ҳазор байт аст, ки дар девоне фароҳам омада, ба жанрҳои адабии мадҳия, марсия, ҳаҷвия, хамрия, тардид ва ғ. тақсимбандӣ шудаанд. Девони Абунувос соли 1962 дар Бейрут ба табъ расидааст. Намунаҳо аз эҷодиёти Абунувос ба забонҳои англисӣ, немисӣ, русӣ ва ғайра тарҷума шудаанд.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Roux P. d. Nouveau Dictionnaire des œuvres de tous les temps et tous les pays (фр.) — 2 — Éditions Robert Laffont, 1994. — Vol. 1. — P. 8. — ISBN 978-2-221-06888-5
- ↑ Esat Ayyıldız. "Ebû Nuvâs’ın Şarap (Hamriyyât) Şiirleri". Bozok Üniversitesi İlahiyat Fakültesi Dergisi 18 / 18 (2020): 147-173.
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Шидфар Б. Я., Абу Нувас, М., 1978;
- Фильштинский И. М., История арабской литературы, М., 1985.
- Esat Ayyıldız. "Ebû Nuvâs’ın Şarap (Hamriyyât) Şiirleri". Bozok Üniversitesi İlahiyat Fakültesi Dergisi 18 / 18 (2020): 147-173.
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.