Абушакури Балхӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Абушакури Балхӣ
بوشکور بلخی
Сурат
Навъи фаъолият:

шоир

Санаи таваллуд:

915(0915)

Зодгоҳ:

Балх

Мамлакат:
Санаи марг:

асри X

Абушакури Балхӣ Абӯшакури Балхӣ яке аз шоирони бузург ва тавонои асри худ буд. Ӯ соли 915 дар шаҳри бостонии Балх ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоии хешро дар шаҳри Балх гирифта, баъдан дар доираи адабии Бухоро ба воя расидаву мақому манзалати баланде касб мекунад. Таъкид намудан лозим аст, ки Абӯшакури Балхӣ аз наздикон ва шогирдони устод Рӯдакӣ будааст. Абӯшакури Балхӣ умри пурбаракат дида, дар солҳои 60-уми асри Х вафот кардааст. Аз шоир ба мо мероси на он қадар зиёде боқӣ мондааст. Аз мероси адабии шоир порчаҳои хурди лирикӣ, байтҳои пароканда аз достони ӯ «Орифнома» то ба мо омада расидааст. Ба қавли худи шоир ӯ оилаи хешро аз маҳсули дастранҷи қалами худ таъмин мекардааст:

Ду динор бояд маро ё дирам,
Фароз оварам ман зи нӯги қалам

Шоир бо вуҷуди истеъдод ва мақоми баланди адабиву шоирӣ доштанаш инсони хоксоре будааст. Ӯ дониши худро нокифоя шуморида, ҳамеша аз пайи сайқал додани дониши худ будааст:

То бад-он ҷо расид дониши ман,
Ки бидонам ҳаме, ки надонам.

Абӯшакури Балхӣ дуруст қайд кардааст, ки инсон ҳар қадаре, ки илму донишро бештару хубтар фаро гирад, ҳамон қадар ба кашфи нави асрори оламу одам шавқмандтар мешавад. Ӯ баъдан «Орифнома»-ро таълиф мекунад. Достони «Орифнома» саропо ба мавзӯи панду ахлоқ бахшида шудааст. Аз ин достон то ба мо ҳамагӣ 300 байт расидааст. «Орифнома» бо хусусияти пандуандарзияш дар таърихи назми ахлоқии форсу тоҷик дар радифи достонҳои «Калила ва Димна» ва «Синдбоднома»-и устод Рӯдакӣ қарор мегирад. Абӯшакури Балхӣ дар достони «Орифнома» ба ҳамаи мавзӯъҳои асосии зиндагӣ дахл намуда, масъалаҳои илму дониш, касбу ҳунар, тарғибу ташвиқи дӯстиву рафоқат, ахлоқи некро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст. Дар ҳақиқат, шоир мавқеи илму донишро аз ҳама боло гузошта, шахси донишмандро соҳибэҳтиром меҳисобад.

Бад-он кӯш то зуд доно шавӣ,
Чу доно шавӣ, зуд воло шавӣ.
На донотар он кас, ки волотар аст,
Ки волотар он кас, ки донотар аст.

Шоир тарғибу ташвиқ мекунад, ки донишомӯзӣ аз овони кӯдаки бояд оғоз шавад:

Ба ҳангоми барноиву кӯдакӣ,
Ба дониш тавон ёфтан зиракӣ.

Олимону донишмандонро хеле ситоиш мекунад, мартаба ва мақому манзалати онҳоро аз ҳама баланд мешуморад:

Касе к-ӯ ба дониш барад рӯзгор,
На ӯ боз монад, на омӯзгор.

Ӯ душманонро чашми дидан надошт. ҳар қадаре, ки душманбадбинонро талқин намояд, ҳамон андоза меҳру муҳаббат ва дӯстиву рафоқати инсонро васф менамояд. Дӯстро барои ҳар як инсон муқаддас меҳисобад. Аз ӯ неъмати волотаре нест:

Шавад дӯст аз дӯст ороста,
Чу бо эминӣ мардум аз хоста.
ҳама чиз пирӣ пазирад, бидон,
Магар дӯстӣ, к-он бувад ҷовидон.

Гуфтан бамаврид аст, ки достони «Орифнома» фикру андешаҳои пандуахлоқии халқи тоҷикро, ки ҳатто пеш аз ислом мавҷуд будаанд, ҷамъбаст намуда, дар таърихи минбаъдаи афкори ҷамъиятии мо мақоми бузурге доштааст

Аз "Офариннома"[вироиш]

Хирадманд донад, ки покию шарм
Дурустию родию гуфтори нарм
Бувад хӯйи покону хӯйи малак
Чи андар замину чи андар фалак.
Хирадманд гӯяд хирад подшост,
Ки бар хосу бар ом фармонравост.
Хирадро тани одамӣ лашкар аст,
Ҳама шаҳвату орзу чокар аст.
Хирад чун надонӣ, биёмӯзадат,
Чу пажмурда гардӣ, барафрӯзадат.

Адабиёт[вироиш]

  • 1.Авфӣ. Лубобу-л-албоб. Аз рӯи нусхаи Э.Браун. Ба эҳтимоми Муҳаммад Аббосӣ.-Теҳрон: Фахри Розӣ,1361;
  • 2.Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ.-Сталинобод,1958:
  • 3.Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ.-Душанбе: Адиб,2007;