Абуҳайёни Тавҳидӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абуҳайёни Тавҳидӣ
أبو حيان التوحيدي
Иттилооти инфиродӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд:

Алӣ ибни Муҳаммад ибни Аббоси Шерозӣ

Касб, шуғл:

файласуф, нависанда, ҷонваршинос

Санаи таваллуд:

923(0923)

Зодгоҳ:
Санаи марг:

1010(1010)

Маҳалли марг:
Кишвар:
Эътиқод:

Ислом ва суннӣ

Самти фаъолият:

фалсфаи исломӣ[d] ва адаб[d]

Ҷойи кор:

Бағдод

Устодон:

Al-Rummani[d]

Осор:
Wikidata-logo S.svg Вироиши Викимаълумот

Абуҳайён Алӣ ибни Муҳаммад ибни Аббоси Тавҳидии Шерозӣ (тақрибан 923 — тақрибан 1010) — файласуф, фақеҳ, адиб, мутасаввиф ва наҳвии форсу тоҷик.

Зиндагинома[вироиш]

Қисми зиёди ҳаёташ дар Бағдод гузашта, он ҷо наҳвро аз Абусаиди Сайрафӣ ва Алӣ ибни Исои Румонӣ, фиқҳи шофеиро аз Абуҳомиди Марвазӣ ва Абубакри Шофеӣ, фалсафаро аз Абусулаймони Мантиқӣ ва Яҳё ибни Адо омӯхт. Барои ақоиди зиндиқиаш аз Бағдод ронда шуд. Вале охирҳои умраш ба Бағдод баргашта, ҳаёти худро бо бечорагиву қашшоқӣ гузаронида, ба тариқи эътироз аз замона китобхонаашро оташ задааст. Ёқути Ҳамавӣ дар «Мӯъҷам-ул-удабо» дар бораи Абуҳайёни Тавҳидӣ зикр кардааст, ки ӯ дар ҳамаи улуми замона — наҳву луғат, шеъру адаб, фиқҳу калом чирадаст буд, фалсафаю ирфонро хуб медонист ва дар балоғат ҳамто надошт. Ибни Ҷавзӣ дар «Талбиси иблис» номи Абуҳайёни Тавҳидиро дар қатори Ибни Ровандӣ ва Абулаълои Мааррӣ ёдовар шудааст.

Осори илмӣ[вироиш]

Абуҳайёни Тавҳидӣ оид ба масъалаҳои мухталифи илми замонааш осори бисёре таълиф кардааст, ки мутаассифона қисми ночизи онҳо то замони мо расидаанд. Номгӯи мухтасари таълифоти Абуҳайёни Тавҳидӣ, ки Ёқути Ҳамавӣ дар асараш зикр кардааст, чунинанд: «Ал-муҳозарот ва-л-мунозарот», «Ал-имтоъ ва-л-муонаса», «Ал-басоир ва з-захоир», «Тақриз-ул-Ҷоҳиз», «Ас-садиқ ва-с-садоқат», «Масолиб-ул-вазирайн», «Ишорат-ул-илоҳия», «Ал-муқобасот» ва ғайра Ақидаҳои фалсафии Абуҳайёни Тавҳидӣ танҳо аз тадқиқу таҳлили андешаҳои мутафаккирони пешину муосираш иборат набуда, балки ҷавоб ба саволҳои шогирдону мусоҳибонаш оид ба масъалаҳои мухталифи фалсафӣ мебошанд. Таҳлили асарҳояш нишон медиҳад, ки ӯ масъалаҳои нафс, такомули нафси инсонӣ, дарки ҳақиқат ва манфиати он, ҳаракати ҷисм дар олами кавну фасод, навъҳои гуногуни онро баррасӣ кардааст. Хизмати дигари Абуҳайёни Тавҳидӣ дар фалсафа гирд овардани ақоиди мухталифи мутафаккирони муосираш мебошад, ки дар сӯҳбату маҷлисҳо иброз доштаанд. Абуҳайёни Тавҳидӣ дар масъалаҳои мантиқу наҳв дар «Ал-басоир ва-з-захоир» ва «Ал-имтоъ ва-л-муонаса» фикрҳои ҷолиб дорад. Абуҳайёни Тавҳидӣ дар масъалаҳои фиқҳу калом ва ахлоқ низ фикру андешаҳои худро дорад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]