Абуҳафси Нишопурӣ
Абуҳафси Нишопурӣ | |
---|---|
араб. ар. عمرو بن سلمة | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | оҳангар |
Таърихи таваллуд: | номаълум |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | тақрибан 883[2] ё на пештар аз 874 и на дертар аз 879 |
Эътиқод: | Маломатия[1] |
Вироиши Викидода |
Абуҳафс Амру ибни Салама Ҳаддоди Нишопурӣ (ар. أبو حفص عمرو بن سَلَمة النيسابوري; ? — Курдобод, Нишопур — 879, ҳамон ҷо) — муҳаддис, сӯфӣ ва ориф, аз бузургони тариқати маломатия ва уламои аҳли суннату ҷамоати Хуросон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шуғли асосиаш оҳангарӣ будааст ва аз ин рӯ, бо лақаби «Ҳаддод» машҳур шудааст. Бино ба маълумоти «Тазкират-ул-авлиё» Абуҳафси Ҳаддод дар зӯҳду риёзат, каромат ва муруввату футувват дасти тавоно доштааст. Баъзеҳо Абуҳафси Ҳаддодро суфии зоҳид номидаанд. Дар берун аз либоси пашмина пӯшидан, ки хоси суфиён буд, ибо мекард, вале дар хона бо либос ва қабои пашмина мегашт. Абуҳафси Ҳаддодро дар адабиёти суфия дар сафи нахустин пайравони маломатӣ қарор додаанд. Дар таълимоташ бештар пойбанди шариат буд ва таъкид мекард, ки солик ҳамвора аҳволу афъоли худро бо китобу суннат бисанҷад. Баъзе аз манбаъҳои тасаввуфӣ мулоқоти ӯро бо Боязиди Бистомӣ дар Бағдод зикр намудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Encyclopædia Iranica (ингл.) / N. Sims-Williams, A. Ashraf, H. Borjian, M. Ashtiany — USA: Columbia University, 1982. — ISSN 2330-4804
- ↑ Encyclopaedia of Islam (ингл.) / K. Fleet, G. Krämer, D. Matringe, J. Nawas, E. Rowson — Leiden: Brill, 2009. — ISBN 978-90-04-17853-3 — ISSN 1873-9830
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абуҳафcи Ҳаддод // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Ҳаҷвирӣ Алӣ ибни Усмон. Кашф-ул-маҳҷуб. Бо кӯшиши В. Жуковский, Т., 1979;
- Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҷ. 5, Т., 1383.