Маломатия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Маломати́я (ар. ملامتيه‎ — каси мавриди накӯҳишу сарзаниш) — яке аз силсилаҳои тасаввуфро гӯянд, ки рафтори зоҳирашон дар байни мардум боиси маломат шуда буд. Муассисаш Ҳамадуни Қассор мебошад ва аз ин ру, гоҳо онро қассория меноманд.

Фаридуддини Аттор Ҳамдуни Қассорро «ба маломати халқ гирифтор» гуфтааст. Аз ин суханон маълум мешавад, ки маломатиён некию фазилатҳош инсониро пинҳон медоштанд, зуҳду тақвояшон ниҳони буд ва тамоми фикру зикр ва кӯшишу ғайрати худро ба ҳифзи маърифат равона мекарданд. Вале зоҳиран худро акси ботинашон нишон медоданд. Рафторашон дар байни мардум тавре сурат мегирифт, ки мардум ба онҳо эътироз мекарданд ва мавриди накӯҳишу сарзаниш қарор медоданд. Бо ин мақсад аҳли маломатия баъзе коидаҳои шаръиро қасдан вайрон мекарданд. Ғояи амали онҳо аз некӣ мағрур нашудан ва аз гирифтории бемории пурхатари худбинӣ, ки монеъи камолоти маънавӣ мебошад, дурӣ ҷустан буд.

Муҳаққиқи муосири Эрон Алиасғари Ҳалабӣ менависад, ки «тарсу нигаронӣ аҳли маломатро ба он медорад, ки даъвои каромат накунад ва ҳолати хеши худро пинҳон дорад, зеро баёни ҳар яке аз онҳо ба манзилаи кашфи сирест, ки миёни бандаву Худост ва изҳори он аз нофармонӣ ва худбинӣ бармехезад». Абдулҳусайни Зарринкӯб роҷеъ бо тарзи либоспӯшӣ ва рафтору кирдори аҳли маломатия навиштааст: «Машоихи аҳли маломат либоси айёрон ва шотиронро бештар аз либоси зоҳидону сӯфиён дӯст медоштанд». Умуман ному нанг, неку бад ва радду кабули дӯстию душмании ҳалқ барои онҳо фарқе надошт. Зоҳири аҳди маломатия бозу ботини ҳақиқаташон баста буд. Маломатия як навъ наҳзати ислоҳталабона дар тасаввуф ба щумор меравад.

Он тадриҷан пайдоиши оини ҷавонмардӣ, ки ба номи футувват машҳур аст, мусоидат намуд ва анъанаҳои онро ба таълимоти силсилаи қаландария биомехт.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]