Авзалшо Зарипов
Зарипов Авзалшо Қаҳрамонович | |
Таърихи таваллуд: | 29 январ 1980 (43 сол) |
Зодгоҳ: | Элок, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон |
Фазои илмӣ: | физикдон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои физика ва математика |
Авзалшо Зарипов (Зарипов Авзалшо Қаҳрамонович; зод. 29 январи 1980, Элок, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон) — физикдон, номзади илмҳои физикаю математика (2009).
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Авзалшо Зарипов хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2003) мебошад. Соли 2003, пас аз хатми донишгоҳ дар кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси ассистент ба кор шурӯъ намуда, солҳои (2005—2007) дар назди ҳамин кафедра дар аспирантура таҳсил намудааст. Солҳои 2008—2010 ассистенти кафедра ва аз моҳи октябри соли 2010 инҷониб мудири кафедра шуда кор мекунад.
Осори илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Тадқиқоти илмии Зарипов А. К. ба назарияи молекулавӣ-кинетикии моеъҳои магнитӣ бахшида шуда, муаллифи зиёда аз 35 мақолаҳои илмӣ ва китоби дарсии «Механикаи назариявӣ» мебошад.
Рисолаи номзадиашро соли 2009 дар мавзӯи «Релаксатсияи сохторӣ ва хосиятҳои часпакию чандирии моеъҳои магнитӣ» дифоъ кардааст.
- Механикаи назариявӣ. — Душанбе: нашриёти ДМТ, 2013, 410 с. (китоби дарсӣ барои донишгоҳҳо);
- О спектре высокочастотных коллективных колебаний в магнитных жидкостях. — В мире научных открытый, № 12(36), 2012, с. 219—229;
- The statistical description of electro conductive magnetic liquids. XVIII International Conference on Chemical Thermodynamics in Russia, Samara, Russian Federation, October 3-7, 2011;
- About collective vibrations in magnetic liquids. Proc. of the 5th Inter. Сonf. «Phys. of liquid matter: modern problems», Kyiv, Ukraine, 21-24 May 2010;
- Dispendence of the Viscosity Coefficients of Magnetc Fluids on Parameters of State. — Russian Journal of Physical Chemistry A, 2010, Vol. 84, No. 7, Р. 1242—1245.[1][2]
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Dependence of the viscosity coefficients of magnetic fluids on parameters of state http://link.springer.com/article/10.1134%2FS0036024410070265#page-1
- ↑ [ http://www.tnu.tj/index.php/tj/2012-02-15-09-31-10/10-tajik-categories/74-2014-04-04-13-45-49#kafjs Бойгонӣ шудааст 11 июли 2015 сол.]
Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
- Zaripov on SpringerLink
- факултети Физика Бойгонӣ шудааст 11 июли 2015 сол.
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |