Афзалшоҳ Зарифзода
Зарипов Авзалшо Қаҳрамонович | |
Таърихи таваллуд | 29 январ 1980 (44 сол) |
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Дараҷаи илмӣ: | Доктори илмҳои физика ва математика |
Алма-матер |
Афзалшоҳ Зарифзода (Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон, пештар Зарипов Авзалшо Қаҳрамонович; зод. 29 январ 1980, Элок, НТҶ) — физикдон, номзади илмҳои физика ва математика (2009), дкотори илмҳои физика ва математика (2023).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Афзалшоҳ Зарифзода 29 январи соли 1980 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод дар хонадони омӯзгор ба дунё омадааст[1]. Баъди хатми мактаби миёнаи №11 ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2003 онро бо дипломи аъло хатм кардааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Афзалшоҳ Зарифзода пас аз хатми донишгоҳ дар кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси ассистент ба кор шурӯъ намуда, солҳои (2005—2007) дар назди ҳамин кафедра дар аспирантура таҳсил намудааст. Баъди хатми аспирантара дар вазифаи ассистенти ҳамин кафедра фаъолияташро давом дода, соли 2009 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Релаксатсияи сохторӣ ва хосиятҳои часпакию чандирии моеъҳои магнитӣ»[2] дифоъ кардааст. Аз соли 2010 то 2015 дар вазифаи мудири кафедраи физикаи назариявии ДМТ[3] ва аз соли 2015 то 2024 ба ҳайси дотсенти кафедра фаъолият намудааст.
Соли 2023 дар мавзӯи "Назарияи молекулии равандҳои релаксатсионӣ, хосиятҳои динамкии часпакию чандирӣ ва акустикии моеъҳои магнитӣ" рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст[4]
Молекулярная теория релаксационных процессов, динамических вязкоупругих и акустических свойств магнитных жидкостей
Аз 29 феврали соли 2024 директори Институти физикаву техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин шудааст[5].
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Тадқиқоти илмии Афзалшоҳ Зарифзода ба назарияи молекулавӣ-кинетикии моеъҳои магнитӣ бахшида шуда, муаллифи зиёда аз 35 мақолаҳои илмӣ ва китоби дарсии «Механикаи назариявӣ» мебошад.
Ӯ бо усули молекулавӣ-кинетикӣ системаи муодилаҳои гидродинамикаро бо назардошти майдони магнитии беруна барои моеъҳои магнитӣ тартиб дода, муодилаи Смолуховскийро барои зичии бинарии зарраҳои моеъи магнитӣ ҳосил намуда, ҳалли умумии онро ёфтааст[6].
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Механикаи назариявӣ. — Душанбе: нашриёти ДМТ, 2013, 410 с. (китоби дарсӣ барои донишгоҳҳо).
- Асосҳои таҳлили векторӣ ва ҳисобҳои тензорӣ
- Ҳалли масъалаҳо аз физика
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. — Д., 2011. СИЭМТ, — 392 саҳ. — ISBN 978-99947-33-48-4
- ↑ Зарипов, Авзалшо Карамонович. Структурная релаксация и вязкоупругие свойства магнитных жидкостей (2008).
- ↑ Кафедраи физикаи назариявӣ. ДМТ. 29 феврали 2024 санҷида шуд.
- ↑ Зарифзода Афзалшох Кахрамон. Молекулярная теория релаксационных процессов, динамических вязкоупругих и акустических свойств магнитных жидкостей (2023).
- ↑ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи директори Институти физикаву техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин намудани Зарифзода А. Қ.. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (29 феврали 2024). 29 феврали 2024 санҷида шуд.
- ↑ Устодони кафедра. ДМТ. 29 феврали 2024 санҷида шуд.