Авориз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Авориз (арабӣ ҷамъи ориза, пешомад, он чӣ воқеъ мешавад), навъи андози — (молиёт) ғайримуқаррариест, ки аксаран пеш аз ҷанг ё юришҳои подшоҳон, салотин ва амирон аз мардум зӯран ситонда мешуд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Авориз аз давраи хилофати Аббосиён (асри VIII) ҷорӣ гардида буд. Минбаъд ин навъи андоз дар замони ҳукумати Сомониён, сипас дар аҳди салтанати Ғазнавиён, Хоразмшоҳиён ва Салҷуқиён дар Хуросону Мовароуннаҳр амал мекард. Дар давраи ҳукмронии амирони муғултабор Авориз боз ҳам шадидтар гардид, яъне бо ҳар баҳонаи дигар низ ғундошта мешуд, ки натиҷааш шиддат гирифтани ҷунбишҳову шӯришҳои мардумӣ ба муқобили муғулҳо (аз қабили шӯриши Маҳмуди Торобӣ, Сарбадорони Самарқанд ва амсоли инҳо) гардид. Ин буд, ки авориз дар давраи минбаъда дар баробари дигар андозҳо яке аз сабабҳои асосии таназзули муносибатҳои пулӣ ва кишоварзӣ гардид. Аворизро ҳукуматҳои Шайбониён, Аштархониён ва Манғитҳо низ ҳамчун андози махсус нигоҳ доштаанд ва дар манбаъҳои таърихӣ бо номҳои аворизи ҳукмӣ, аворизи гумрукӣ, аворизи шаҳрдорӣ ва ғайра ҳам зикр шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]