Адабиёти тоҷик дар садаи ХХ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Адабиёти тоҷик дар садаи ХХ

Мафҳуми адабиёти давраи нав ба адабиёти садаи ХХ ва минбаъда тааллуқ дорад, ки он қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи таърихи адабиёти зиёда аз сеҳазорсолаи форсу тоҷик мебошад.Тағйироту дигаргунии адабиёти давраи нав дар заминаи анъанаҳои адабии адабиёти классикии форсу тоҷик ва таъсири адабиёти русу дигар халқҳо ба вуҷуд омадаанд. Аз ин рӯ, адабиёти давраи нав як марҳалаи тозаи таърихи адабиёти тоҷик ба шумор меравад.

Дар оғози садаи ХХ дар адабиёти тоҷик аз ҷиҳати навъҳои адабӣ, сабку услуб ва забон дигаргунии ҷиддӣ ба амал омад. Садриддин Айнӣ дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» гуфта буд:

«ҳарчанд Аҳмад Махдуми Дониш дар боби адабиёти мансура хеле роҳи нав ва услуби тозаро ба илҳоми даҳо ва истеъдоди фитрии худ эҷод карда, лекин ин равиш то соли 1905-и мелодӣ, яъне инқилоби нахустини Русия сар нашуда буд. Вақте ки инқилоби мазкур ба вуқӯъ омада, омадшуди рӯзномаҷот ва китобҳои тоза дар Бухоро ва Туркистон умумият гирифт, соҳибқаламони тозанавис ҳам ҷо- ҷо сар бароварданд. Бинобар ин мо сари таърихи адабиёти нави тоҷикро 1905 қарор додаем»

.

Дар ҳақиқат, тағйиру дигаргуниҳои ҷиддии адабӣ ҳанӯз дар адабиёти маорифпарварии тоҷик оғоз ёфта буд. Дар нимаи дуввуми асри ХIХ кишварҳои шарқи мусулмонӣ – Эрону Туркия, Ҳиндустону Афғонистон ва Осиёи Миёна ба сӯйи ҷомеаи сармоядорӣ майл карданд. Дигаргуниҳои иҷтимоию фикрӣ дар адабиёт ҷараёни маорифпарвариро ба вуҷуд оварданд. Дар адабиёти тоҷики Осиёи Миёна ҷараёни маорифпарварӣ-равшангароӣ дар эҷодиёти Аҳмади Дониш ва шогирдону пайравони – Возеҳи Бухороӣ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Шамсиддини Шоҳин, Ҳайрат ва дигарон арзи вуҷуд кард. «Наводирулвақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Савонеҳулмасолик фӣ фаросихулмамолик»-и Возеҳ, «Бадоеъуссаноеъ»-и Шоҳин ва ашъори гуногуннавъи Савдову Ҳайрат ҷомеаро ба роҳи нави муносибатҳои иҷтимоӣ ҳидоят менамуданд. Дар бедории фикрӣ ва вусъати ҷаҳонбинии ҷомеаи тоҷикон инчунин асарҳои маорифпарварони Эрону Афғонистон, аз ҷумла «Саёҳатномаи Иброҳимбек»-и Зайнулобидини Мароғаӣ (1838-1910) ва «Саёҳат дар се қитъаи рeйи замин дар 29 рeз»-и Маҳмуди Тарзӣ (1867-1935), ки маҳсули сафар ба мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон мебошанд, саҳми муносиб гузоштанд. Бо ин ҳама тағйирот дар адабиёти маорифпарварӣ ҳанeз аломату ҷанбаҳои адабиёти пешин устувор ва таъсири анъанаҳои адабӣ пойдор мебошад. Аз ин рӯ, адабиёти маорифпарварӣ як навъ ҷамъбасти адабиёти гузашта ва заминаи тағйироти адабиёти давраи нав мебошад.

Ҳамин тариқ, давраи нави адабиёти тоҷик аз ибтидои асри ХХ оғоз гардида то замони мо давом меёбад. Дар муддати зиёда аз як қарн адабиёти тоҷик боз ба тағйироти марҳалавӣ дучор гардидааст ва ин дигаргуниҳо баҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва адабии мардуми тоҷик зиёда иртибот дорад. Аз ин рӯ, адабиёти давраи нави тоҷикро марҳалабандӣ кардан зарур аст. Марҳалабандии адабиёти давраи нав имконият медиҳад, ки хонанда ба ҳаёти фарҳангӣ ва ҷараёни адабии давраи муайян амиқтар таваҷҷeҳ зоҳир намуда, дар айни ҳол муносибати адабиёти бадеиро ба гардишҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии ҷомеа равшан дарк намояд. Ҳамчунин, марҳалабандии адабиёти давраи нав барои амиқтар аз худ кардани мавзeъҳои обзорӣ ва монографӣ, сабабҳо ва роҳҳои таҳаввули адабиёт, тағйироти мундариҷавию услубиии осори адибон ва масъалаҳои робитаи адабӣ имконият фароҳам меоварад. Мувофиқи қонунияти дохилӣ ва ҷараёни таҳаввули он, тағйироти сифатӣ дар шаклу мундариҷаи осори бадеӣ адабиёти давраи навро ба се марҳала табақабандӣ кардан зарур аст:

  1. Адабиёти ҷадидия – ибтидои асри ХХ то нимаи солҳои 20- уми асри ХХ;
  2. Адабиёти шӯравӣ – нимаи дуюми солҳои 20 – ум то поёни солҳои 80-уми асри ХХ;
  3. 3. Адабиёти давраи истиқлол- ибтидои солҳои 90- уми асри ХХ то имрӯз.

Дар навбати худ адабиёти шӯравиро ба ду давра гурӯҳбандӣ кардан мумкин аст:

а). Аз нимаи дуввуми солҳои 20-ум то нимаи солҳои 50-ум;

б). Аз нимаи дуввуми солҳои 50–ум то поёни солҳои 80-ум.

Адабиёти ҷадидия[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёти ҷадидия ба ҳаракати зиёиёни Бухоро, ки ҷадид номида мешуд, иртибот дорад. Равшанфикрони ибтидои асри ХХ аморати Бухоро аксаран шоир ва аҳли адаб буданд ва дар таърихи адабиёти тоҷик нақши амиқ гузоштанд. Дар ин давра забони назму наср сода шуда, аксари шоирон аз душворписандиҳои бедилона даст кашиданд, унсурҳои сабки бедилӣ, таъбироти ишқиву ирфонӣ барои ифодаи мазмуни иҷтимоӣ хидмат мекардагӣ шуданд. Дар ин давра мафҳумҳои ватан ва миллат бештар маънои иҷтимоӣ мегиранд. Хусусиятҳои миллии адабиёт афзуд ва адибон бештар сарнавишт ва имрeзу фардои миллатро ба доираи тасвир мегирифтанд. Ин кeшишҳо ба ташаккули худшиносии миллӣ мусоидат намуд. Хулоса, номи ҷадидро гирифтани марҳалаи аввали адабиёти давраи нав воқеӣ ва табиӣ мебошад.

Адабиёти шӯравӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Марҳалаи дуввуми адабиёти давраи нав ба номи давлати болшевикӣ – Иттиҳоди Шӯравӣ вобаста аст. Инқилоби Октябр (1917), барҳам хӯрдани аморати Бухоро (1920) ва ба вуҷуд омадани Иттиҳоди Шӯравӣ (1922) дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, дигаргуниҳои зиёд ворид намуд. Табиист, ки сиёсати Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ба вуҷуд овардани адабиёти шаклан миллӣ ва мазмунан сотсиалистӣ буд, ба адабиёти тоҷик низ таъсири ҷиддӣ расонд. Дар адабиёт ҷойи оҳангҳои маорифпарваронаи тарғибу ташвиқи адабиро таблиғи cӣёсӣ ва ташвиқи инқилобӣ гирифт. Мавзeъҳои адабиёт дигар шуданд. Услуби реалистии тасвир қувват гирифта, методи ба ном реализми сотсиалистӣ ба вуҷуд омад. Дар наср ҳикояи нави реалистӣ ва жанрҳои роману повест ба вуҷуд омаданд. Драманависӣ, ки нахустин қадамҳоро дар адабиёти ҷадидия гузошта буд, дар андак муддат баробари пайдо шудани театрҳои касбӣ хеле пеш рафт. Дар аҳди шӯравӣ дар шеър низ тағйироти муҳим рӯй дод. Адабиёти тоҷик ба адабиёти русу Ғарб робита барқарор намуд. Марҳалаи адабиёти шӯравӣ қариб 70 сол давом кард ва табиист, ки дар ин муддат адабиёти бадеӣ бетағйир намонд. Махсусан, анҷумани 20-уми ҳизби коммунист (1956) имконият дод, ки адабиёти шӯравӣ аз қолибҳои якранги тасвир, як андоза, канорагирӣ кунад. Дар солҳои шасту ҳафтод тарзи тасвир тағйир ёфт. Дар наср тасвирҳои андешапарварона ва таҳлилӣ мавқеъ пайдо кард. Ҳам дар назм ва ҳам дар наср мавзeъҳои таърихӣ мавриди таҳлили адабӣ қарор гирифтанд. Акнун адибон дар бораи таърих ва сарнавишти шахсиятҳои барҷастаи сиёсию фарҳангӣ мулоҳиза ронда, хонандагонро ба худшиносию ифтихори миллӣ ҳидоят мекарданд. Дар адабиёт арзишҳои умумиинсонӣ ва масъалаҳои одобу ахлоқ мавқеъ пайдо карданд. Ин аст, ки аз нимаи солҳои 50-ум давраи дуюми адабиёти шӯравӣ ба вуҷуд омад. Вале то барҳам хeрдани Иттиҳоди Шӯравӣ (1991) адибон аз мафкураи коммунистӣ ва чорчӯбаи расмии давлати Шӯравӣ берун баромада наметавонистанд.

Адабиёти давраи истиқлол[вироиш | вироиши манбаъ]

Баробари барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1991 Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид. Истиқлолият дар муддати кӯтоҳ тамоми соҳаҳои ҳаёти халқи тоҷикро фаро гирифт. Аз ҷумла, дар ҳаёти адабӣ низ як қатор тағйирот ва таҳаввулот ба амал омаданд. Дар эҷодиёти адибон, бахусус адибони ҷавон, сабки тозаи адабӣ мушоҳида шуд. Бо фаро расидани истиқлоли Тоҷикистон робитаи фарҳангию адабӣ бо ҷумҳуриҳои исломии Эрон ва Афғонистон мустаҳкам гардид, ки ин боиси аз ҷиҳати тасвир наздик шудани шеъри тоҷик ба шеъри форсии Эрону Афғонистон гардид. Тафаккури бадеии адибон бештар хусусияти миллӣ ва худшиносӣ гирифт. Бинобар ин марҳалаи сеюм адабиёти давраи истиқлол ном гирифт. Дастовардҳои адабии понздаҳ соли истиқлол гувоҳ бар он аст, ки адабиёти давраи нав оянда тағйироти куллии сифатиро аз сар хоҳад гузаронид.[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Худойназар Асозода, Аламхон Кӯчаров. Адабиёти тоҷик (Давраи нав). – Душанбе, 2006.