Абдулқодирхоҷаи Савдо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулқодирхоҷаи Савдо
Ном ба ҳангоми таваллуд: Абдулқодирхоҷаи Савдо
Таърихи таваллуд: 1823(1823)
Зодгоҳ: Бухоро , Аморати Бухоро
Таърихи даргузашт: 1873(1873)
Маҳалли даргузашт: Бухоро, Аморати Бухоро
Навъи фаъолият: шоир

Абдулқодирхоҷаи Савдо — яке аз шоирони номвари тоҷик аст, ки тақрибан соли 1823-1825 дар Бухоро таваллуд шуда, соли 1873 дар Балҷувон вафот намудааст.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Таҳсили ибтидоиро дар Бухоро гирифтааст. Абдулқодирхоҷаи Савдо зеҳни тез дошта, баробари донишҳои расмии мадраса илми нуҷум, риёзиёт, ҳунари наққоши, заргари, меъмори, тарроҳи, лаввоҳи ва навозандагиро ҳам омӯхт. Савдо донишманди хуби «Шашмақом» будааст. Дар давраи таҳсил ба шеъргӯи шурӯъ кард. Шоири ҷавон махсусан дар мутоиба, бадеҳагуи қобилияти хуб дошт. Сипас ба дарбор даъват гардид. Савдо бо супориши ҳукумат барои корҳои давлати ба гушаю канори мамлакат сафарҳо карда, бо аҳволи халқ ошно мешуд ва ба дармондагон ёриҳо медод. Ҳарчанд Савдо аз хидмати дарбор хеле дилгир шуда буд, вале то охири умр аз он муҳит раҳои ёфта натавонист.

Мероси адабӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Микдори мероси бадеии Савдо ҳанӯз маълум нест. Шоир дар бисёр шеърҳояш, махсусан шеърҳои ҳаҷвиаш ба худ тахаллуси «Бепул»-ро қабул намудааст. Мероси бадеии Савдо ҳанӯз ҳам пароканда аст ва то имрӯз қисме аз онҳо дастраси хонандагон гардидааст. Вай инчунин муаллифи як рисолаи таърихӣ мебошад.[1] Зеро тамоми асарҳои ӯ дар шакли мураттаб то ба мо нарасидаанд. Мероси мавҷудаи шоир аз 94 порчаи манзум, 5 қасида, 1 марсия, 56 ғазал, 2 мухаммас, 1 тарҷеъбанд, 6 маснави, 2 қитъа, 9 рубоӣ, 11 фард, 1 таърих ва 7 ҳикояти мансур-(яке аз ҳикоёти маъруфаш «Музҳика» ном дорад) иборат аст. Мероси манзуми Савдо ба лирикаи ишқи ва ашъори ҳаҷвию мутоиба ҷудо мешавад. Дар лирикаи давраи аввали Савдо таъсири Бедил ба назар мерасад. Аммо шоир дар пайравии Аҳмади Дониш ва шогирдони ӯ ба зуди аз доираи ин таъсир баромада, роҳи содданависиро пеш мегирад ва ба мавзӯъҳои тозаи замони худ руй меорад. Баъзе шеърҳои ҳаҷви ва мутоибаомези Савдо ҳазлу зарофати зоҳиран беозор дошта, баъзан танқиди сахти ҳукумронони замонро дар бар гирифтааст. Масалан, шоир дар ин байт миршабро ба хар монанд кардааст:

Шаҳ на он аст, ки харобот хар обод кунад.
Дар хари хубтар аз шаҳ на харе дидӣ?-Не.

Шоир дар мутоибаву ҳаҷвиёт ва бисёр шеърҳои дигараш «Бепул» тахаллус кардааст. Дар ашъори савдо оҳанги шикоят ва навмедӣ бештар аз дигар мавзӯҳо таҷаллӣ мекунад. Шикоятҳои шоир низ як навъ эътироз бар зидди сохти иҷтимоии замон мебошад. Савдо барои соддаву оммафаҳм шудани шеъраш хеле кушиш карда, аз калимаву ибораҳои гуфтугуӣ ва зарбулмасалу мақолҳои халқи ҳунармандона истифода бурдааст.

Аз ғазалиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба авҷи бепулӣ, к-аз паҳлӯи харҷ аст роҳ он ҷо,
Сари мӯ харҷ афзунтар кунӣ, бишкан кулоҳ он ҷо.
Адабгоҳи хасосат харҷи беҷо барнамедорад,
Чу ҳамён сар ба муҳри танга меболад нигоҳ он ҷо,
Зи тарзи машраби имсок сайри бенавоӣ куна,
Ки бебокона натвон харҷ кардан парри коҳ он ҷо.
Кунам қарзе ба афсуни дили бемуддоа, Бепул,
Аз он мумси, ки гар мункир шавам, набвад гуноҳ он ҷо.
Он ки ранге дораду бӯйи хуше, дорад, гул аст
В-он ки ӯ аз шавқи гул дар боғ нолад, булбул аст.
Он ки бораш мегузориву савораш мешавӣ,
У хар асту он чӣ бар пушташ биандозӣ, ҷул аст.
Пораи ноне ба пеши қонеон қурси маҳ аст,
Косаи обе ба чашми ташнагон ҷоми мул аст.
Он кӣ дорад кафш дар по, ҷома бар дӯш, зар ба ҷайб,
Гарчи нодон аст, баҳри мардумон, ақли кул аст.
Хоҳ қонеъ бош дар дунёи дун, хоҳӣ ҳарис,
Нафсро то рӯзи реҳлат бар сари хон ғулғул аст.
Бонги ҷуғзе бар сарои мо навои барбат аст,
Лиқ-лиқи деге ба базми мо садои қул-қул аст.
Он ки дар нафрин таҳаммул мекунад, ҳинду бувад,
В-он кӣ аз тезӣ ба хашм ояд, зи аҳли Кобул аст.
Гарчи пулдорист дар олам маноти эътибор,
Ғам махур аз бепулӣ, Бепул, ки дарё бепул аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011, — с.241

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011