Катрин Сиачоке

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Катрин Сиачоке
англ. Catherine Siachoque
Catherine Siachoque.jpg
Ном ба ҳангоми таваллуд: María Alexandra Catherine Siachoque
Таърихи таваллуд: 21 январ 1972(1972-01-21) (49 сол)
Зодгоҳ: Тунха, Колумбия
Шаҳрвандӣ:  Колумбия
Касб: ҳунарпеша
мудел
Корнома: 1994-то ҳол
IMDb: ID 0796171
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Мария Алехандра Катрин Сиачоке (исп. María Alexandra Catherine Siachoque; тав. 21 январ 1972, Тунха, Колумбия) — ҳунарпеша ва модели колумбӣ. Ӯро бисёртар нақшҳояш дар теленовелаҳо муаррифӣ намудаанд.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Катрин Сиачоке 21 январи 1972 дар шаҳри Тунхаи Колумбия 130км, дуртар ай пойтахти кишвар шаҳри Богота таваллуд шудааст. Волидонаш Феликс Сиачоке ва Бланко Гейт мебошанд, ки ӯро Кэтӣ садо мезананд. Дар хурдӣ бо муваффақият дар ҳайати дастаи балети театри миллии колумбӣ панҷ сол фаъолият кардааст.

Эҷодиёт дар синамо[вироиш | вироиши манбаъ]

Катрин баъд аз фаъолияти рақсӣ дар театр, хост то маҳораташро дар синамо санҷад. Соли 1994 дар теленовелаи Mambo нақши хурдакакеро иҷро намуда, фаъолияти ҳунарпешагияш дар силсилафилмҳо оғоз шуд.

Катрин дар як қатор теленовелаҳои Телемундо аз қабили: Pecados ajenos, Tierra de Pasiones, La Venganza, Amantes del Desierto ва силсилафилми Decisiones ҳунарнамоӣ намудааст. Гарчанде ӯ бисёртар нақшҳои рэзолимиро бозида бошад ҳам дар муддати кӯтоҳ дар кишварҳои Амрикои Лотинӣ шуҳрати бузург ба даст овардааст. 

Соли 2004 ӯ дар теленовелаи Te voy a enseñar a querer (Ман ба ту дӯст доштанро меомӯзам) нақши рақиби асосиро бо Мигел Варонӣ, Данна Гарсия, Мишел Браун, Ана Лусия Домингез, Мартин Карпан ва Адриана Кампос бозидааст, ки аз ҷониби мунаққидон ситоиш карда шудааст.

Соли 2010, ӯ дар нақши Сесилия Алтамира дар теленовелаи Телемундо ¿Dónde Está Elisa (Элисо куҷост? ) нақш офаридааст, ки шуҳрати ӯро то ба Осиёи Миёна оварда расонд. Дар ин силсилафилм ӯ бо ҳунарпешаҳои маъруф Габриэл Поррас, Соня Смит, Хорхе Луис Пила, Роберто Матеос ва Маурисио Ҳенао кор кардааст.

Соли 2011, ӯ дар теленовелаи дигаре, ки аз ҷониби Телемундо, La Casa de al Lado таҳия шудааст, нақши мураккабро бозид, ки дар он ӯ хонумеро тасвир мекунад ва шавҳари воқеии ӯ Мигел Варонӣ дар якҷоягӣ бо Морисо Родригес, Габриэл Поррас ва Карла Монроҷ низ нақш офаридаанд. 

Дар соли 2014, ӯ бо нақши золимонаи худ дар Reina de Corazónes, бо Паола Нюнес, Эухенио Силер ва Хуан Солер баргашт. 

Соли 2016, Катрин дар Sin senos sí hay paraíso нақши Ҳилда Сантанаро бо Фабиан Риос бозидааст.

Ҳаёти шахсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Катрин Сиачоке бо ҳунарпеша ва коргардони аргентинӣ-колумбӣ Мигел Варонӣ оила барпо намуданд. Онҳо ҳангоми банаворгирии силсилафилми Las Juanas шиносоӣ пайдо намуданд, ки ҳарду дар ҷуфти теленовеларо мебозиданд. Соли 1996 пас аз панҷ рӯзи шиносоӣ Мигел ба ӯ изҳори муҳаббат намудааст. Пас аз се моҳ, онҳо якҷоя зиндагӣ карданро оғоз намуда ва моҳи июли соли 1999 издивоҷ намуданд. Катрин ва Мигел яке аз ҷуфтҳои зебо ва қавӣ дар Амрикои Лотинӣ дониста мешаванд.

Филмнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Теленовелаҳо
Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
1994 Mambo Нақши ноаён
1995 Sobrevivir Нақши ноаён
1996 La sombra del deseo Лорена Нунез
1997 Las Juanas Ҷуана Коридод Нақши асосӣ; 109 қисм
1998 La sombra del arco iris Силвия Стелла
1999 La guerra de las Rosas Роза Эмилия Нақши асосӣ; 161 уисм
2001 Amantes del desierto Микаэла Фернандес Рақиби асосӣ; 110 қисм
2002 La venganza Граззия Фонтана Рақиби асосӣ; 127 қисм
2004 Te voy a enseñar a querer Дебора Рақиби асоси; 127 қисм
2005–2006 Decisiones Габриэла/ Морионо Валенсия Қисми: "Todo queda en la familia"
Алма Қисми: "Marcada para siempre"
2006 Tierra de pasiones Морисо Ҳернандез Рақиби асосӣ; 172 қисм
2007–2008 Pecados ajenos Инес Валлехо Рақиби асосӣ; 167 қисм
2008–2009 Sin senos no hay paraíso Ҳилда Сантана Флорес Нақши асосӣ; 105 қисм
2010 ¿Dónde está Elisa? (Элисо куҷост?) Сесилия Алтамира Рақиб; 106 қисм
2011–2012 La casa de al lado Ignacia Conde Нақши асосӣ; 141 қисм
2014 Reina de corazones Эстафания Перез Ҳидалго Рақиби асосӣ; 140 қисм
2016–2019 Sin senos sí hay paraíso Ҳилда Сантана Нақши асосӣ (мавсимҳои 1-4); 299 қисм
2017 La Fan Изобел Пинзон 2 қисм
2019 El final del paraíso Ҳилдо Сонтоно "Доня Ҳилдо"

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷоизаи TVyNovelas[вироиш | вироиши манбаъ]

Сол Категория Теленовела Натиҷа
2018[1] Беҳтарин ҳунарпешаи зан дар теленовела ё силсилафилм Sin senos sí hay paraíso 2 Номзад
2017 Беҳтарин ҳунарпеша дар силсилафилмҳо Sin senos sí hay paraíso Номзад
2005 Беҳтарин ҳунарпешаи золим дар теленовела Te voy a enseñar a querer Номзад
2004 La venganza Баранда
2002 Amantes del desierto Баранда
2001 La guerra de las Rosas Номзад
1996 Беҳтарин ҳунарпешаи сол Sobrevivir Баранда

Ҷоизаи India Catalina[вироиш | вироиши манбаъ]

Сол Категория Теленовела Натиҷа
1998 Беҳтарин ҳунарпеша дар нақши манфӣ Las Juanas Баранда
1996 Беҳтарин ҳунарпешаи сол Sobrevivir Баранда

Ҷоизаи Тu mundo[вироиш | вироиши манбаъ]

Сол Категория Теленовела Натиҷа
2012 Беҳтарин ҳунарпеша La casa de al lado Номзад
Беҳтарин ҷуфт Катрин Сиачоке ва Мигел Варонӣ дап La casa de al lado Номзад

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]