Азиз Гиёзода
Зоҳир
Гиёзода Азиз Қодир | |
Таърихи таваллуд: | 7 октябр 1969 (55 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Шуғнон , ВМКБ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: |
![]() |
Таҳсилот: | Донишгоҳи давлатии Хоруғ |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Азиз Гиёзода (Гиёзода Азиз Қодир; зод. 7 октябри 1969, ноҳияи Шуғнон, ҶШС Тоҷикистон) — давлатмарди тоҷик, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI [1] ва даъвати VII.[2].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Азиз Гиёзода 7 октябри соли 1969 дар ноҳияи Шуғнон ба дунё омадааст. Соли 1999 Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва соли 2011 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро хатм кардааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1997—2001 — назоратчӣ-тафтишотчии Раёсати назоратии тафтишотии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ;
- 2001—2002 — сармуҳосиби Шуъбаи молияи шаҳри Хоруғ
- 2002—2003 — мутахассиси пешбар оид ба назорати дохилӣ ва аудитории Маркази хазинадории Идораи молияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
- 2003—2005 — сармутахассиси Идораи дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон будаи Кумитаи назорати давлатии моляивии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 2005—2006 — сардори Департаменти молияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
- 2006—2013 — муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ;
- 2013—2020 — раиси ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон[3];
- Аз 1 марти соли 2020 то 1 марти соли 2025 — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум. [4]
- Аз 3 марти соли 2025 — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум.
- Аз 19 марти соли 2025 дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум, Азиз Гиёзода муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.[5].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ғиёсзода Азиз Қодир(тоҷ.). www.parlament.tj. 2 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 августи 2020.
- ↑ Муовин(тоҷ.). www.parlament.tj. 9 апрели 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод намудани Гиёзода А. Қ.. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (13 Январ 2020). 8 феврали 2024 санҷида шуд.
- ↑ Ғиёсзода Азиз Қодир(тоҷ.). www.parlament.tj. 2 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 августи 2020.
- ↑ Муовин(тоҷ.). www.parlament.tj. 9 апрели 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 сентябри 2023.
Гурӯҳҳо:
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 7 октябр
- Зодагони соли 1969
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Шуғнон
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи сиёсатмадорон
- Сиёсатмадорони Тоҷикистон
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII