Jump to content

Азим Амин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Азим Амин
Азим Аминов
Таърихи таваллуд 11 май 1951(1951-05-11) (73 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон (2015)

Азим Амин (Азим Аминов; 11 майи 1951, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — номзади илмҳои филология, адабиётшинос, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1975). Аълочии маорифи Тоҷикистон (2015)[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Азим Амин 11 майи соли 1951 дар Душанбе ба ҷаҳон омадааст. Соли 1974 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Чанде корманди илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, баъдан аспиранти Донишкадаи адабиёти ҷаҳони ба номи Максим Горкий (Маскав) буда, дар ҳамон ҷой рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Солҳои 1981—1998 ходими илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1998—2009 корманди масъули ДИ ПҶТ, 2003—2006 ноиби ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, 2006—2008 нойиби ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода буда, аз соли 2005 дотсенти кафедраи назария ва амалияи ВАО-и Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон аст.[2].


Муаллифи рисолаи «Рубоӣ ва лирикаи фалсафӣ дар шеъри тоҷики даврони шӯравӣ» (1988), чандин китоби дарсию дастури таълим мебошад. Чанде аз мақолаҳояш дар нашрияҳои Маскав ба табъ расидаанд.[3]

  1. ПОЗДРАВЛЯЕМ С НАГРАДОЙ!(тоҷ.). www.rtsu.tj. 14 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 ноябри 2020.
  2. АМИНОВ АЗИМ САДЫКОВИЧ ОТМЕТИЛ 70-ЛЕТНИЙ ЮБИЛЕЙ!(тоҷ.). www.rtsu.tj. 14 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 май 2021.
  3. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 36 ISBN 978-99947-2-379-9