Азғич
Азғич | ||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||
Cuscuta lehmanniana Bunge | ||||||||||||
|
Азғич, ажғич, девпечак (лот. Cuscuta lehmanniana) — як навъ гиёҳи худрӯи бебаргу береша аз ҷинси зарпечак.
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пояаш танобмонанди печанда, сурх, бӯртоб ё хокистарранг буда, доғҳои сурхча дорад; одатан шохаронда мешавад. Хӯшагулаш сергул, дароз (то 8 — 9 см), гулаш қифмонанди гулобитоб (дарозиаш 5-7 мм), думчадор ё бедумча аст; гулбаргаш ғафси сероб. Ғӯзааш бӯртоб (дарозиаш 5 — 6 мм, бараш 4 — 5 мм), байзашакл, одатан ҷилодор ва 3 — 4-тухма. Тухмаш гирдаи дилшакл, зардтоб ё қаҳваранг (вазни 1000-донааш 6 — 0 г). Азғич фақат як сол нумӯ меёбад, баъди гул карда тухм бастан (май — октябр) нобуд мегардад.
Густариш
[вироиш | вироиши манбаъ]Азғич асосан дар доманакӯҳҳои Қурама, воҳаи дарёи Сир, қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз ва мавзеъҳои ҷануби Тоҷикистон (300—1500 м баландтар аз сатҳи баҳр) дучор меояд.
Зарарҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Азғич ба поя, шоху навдаи гиёҳҳо ва буттаву дарахтон печида, шираи онҳоро мемакад. Агар азғич зиёд бошад, ба ҷангал, буттаву дарахти мевадор, юнучқа ва пахта зарари калон мерасонад. Дар табиат аз азғич бештар гиёҳи сус ё ширинбуя, шутурхор, лух, пудинаи лалмӣ, буттаву дарахтон — газ, зағоза, лифток, шӯлаш, дулонаи сурхак, талхакбодом, фарқ ва ғайра осеб мебинанд.
Миқдори зиёди азғич барои чорво заҳрнок аст. Азғичро бо ёрии алафкушҳо нест мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Флора Таджикской ССР, т. 7, Л., 1984.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Азғич // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.