Оиша Токиё

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Айеша Такиа)
Оиша Такиа
Ayesh Takia
Ном ба ҳангоми таваллуд: Ayesha Takia
Таърихи таваллуд: 10 апрел 1986(1986-04-10) (37 сол)
Зодгоҳ: Мумбай, Маҳараштра, Ҳиндустон
Шаҳрвандӣ:  Ҳиндустон
Касб: мудел, бозигари синамо, ҳунарпеша
Корнома: 2004 — то ҳол
Ҷоизаҳо: Filmfare Awards , Zee Cine Critics
IMDb: ID 1779702
 Парвандаҳо дар Викианбор

Оиша Токиё (англ. Ayesha Takia, гуҷаротӣ આયેશા ટાકિયા; 10 апрели 1986) — ҳунарпешаи синамои ҳинд, модел ва барандаи телевизион мебошад. Ӯ дар филмҳои бо забонҳои ҳиндӣ, томилӣ, телугу ва малаялам кор кардааст. Такиа дар аввалин нақши худ дар филми Тарзан: Супер мошин (англ. Taarzan: The Wonder Car) ҷоизаи Filmfare Awards-ро соли 2004 барои Беҳтарин Нақш соҳиб гардидааст. Филмҳои машҳури Оиша инҳоянд: Socha Na Tha (2005), Dor (2006), ва Wanted (2009 film)[1].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Оиша Такиа дар шаҳри Бомбай, Маҳороштра, Ҳиндустон дар оилаи Ҳинду падар ва Мусулмон модар ба дунё омадааст. Ӯ инчунин мансубият ба Гуҷарат низ дорад.[2] Оиша маълумоти миёнаро дар мактаби духтаронаи Антониёи Муқаддаси ш. Чембург гирифтааст[3]. Падараш Нишит Такиа ва модараш Фарида Такия мебошанд. Ӯ як хоҳаре бо номи Наташа дорад[4].Ҳунарпешаҳои дӯстдоштаи ӯ Амитабҳ Баччан, Шридевӣ, Шоҳруххон, Амирхон, Ранӣ Мукҳерҷӣ, Ҷоннӣ Депп ва Приянка Чопра мебошанд

Эҷодиёт дар синамо[вироиш | вироиши манбаъ]

Оиша фаъолияташро дар соҳаи модел дар 15 солагияш оғоз намудааст. Ӯ аввал дар клипҳо ва таблиғҳо иштирок мекард, ки аввалин таблиғаш дар «I am a Complan Boy! I’m a Complan Girl!» бо Шаҳид Капур буд[5]. Баъдан ӯ дар мусиқивидеои «Meri Chunar Udd Udd Jaye»-и Фалгунӣ Патак[6], "Shake it Daddy " — и DJ Aqeel бо актёр Keith Sequeira ҳунарнамои кардааст[7]. Ҳардуи ин клипҳоро коргардонҳои синамои ҳинд Винай Сапру ва Радҳика Рао коргардони намудаанд, ки ин сабаби ба Болливуд дохил шудани Оиша шуд. Ӯро якбора ба ду филм Socha Na Tha, ва баъд ба Taarzan: The Wonder Car даъват намуданд[8].Ҳарчанд аввал дар Socha Na Tha нақш офарида бошад вале Taarzan: The Wonder Car аввал ба намоиш гузошта шуд ва нақши аввалини ӯ шуд. Соли 2004 барои ҳунарнамоияш дар ин филм соҳиби Filmfare Awards барои нақши Аввалин гашт[7].

Оиша Такиа соли 2011

Такиа дар филмҳое нақш офаридааст, ки қариб бисёре аз онҳо буҷети хуб надоштанд вале дар филми Dor соли 2006 ӯро баҳои хуб доданд. Дар филм нақши бевазани Раҷистонӣро мебозад, ки дар оилаи бо анъанаҳои қадимӣ зандагӣ мекунад. Оиша барои ин нақш якчанд ҷоиза бурд намудааст алалхусус Zee Cine Critics барои беҳтарин нақши занона[9].

Ба ғайр аз Болливуд Такиа инчунин дар Толливуд низ нақш офаридааст. Соли 2005 дар филми Супер бо ҳунарпешаи машҳури Толливуд Аккиненӣ Нагарҷина забони телугу ҳунарнамои намудааст ва ҷоизаи Filmfare Awards барои беҳтарин ҳунарпеша-телугу бурд кардааст. Ӯ соли 2009 дар филми коргардон Прабҳу Дева, Wanted бо Салмонхон нақши марказиро бозидааст, филм даромади хуб ба даст овард ва ба нақши ӯ баҳои мусбӣ дода шуд.

Соли 2011 дар филми Mod нақши марказиро бозидааст[7]. Соли 2012 барномаи мусиқавии телевизионии Sur Kshetra-ро баргузор намуд, ки аз як мавсим иборат буд[10].

Ҳаёти шахсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Оиша бо шавҳараш Фарҳан

Оиша Такиа 1 марти соли 2009 ба Фарҳан Азмӣ писари сиёсатмадор ва роҳбари партияи Samajwadi Абу Асим Азмӣ ба шавҳар баромад.[11] Онҳо 16 декабр соҳиби писарбачае шуданд ки номашро Микоил гузоштанд.[12]. Оиша то шиносоӣ бо Фарҳан бо Сидҳарт Коирала (ҳунарпеша) ва Ашмит Пател(ҳунарпеша) робитаи ошиқона дошт.[13]

Филмнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Сол Филмҳо Нақш Бо забони тоҷикӣ Ҳамроҳ
2004 Taarzan: The Wonder Car Priya Rakesh Kapoor Тарзан: Супер мошин Ватсал Сетҳанд, Аҷай Девган
2004 Dil Maange More Shagun Дил зиёдтар мехоҳад Шаҳид Капур
2005 Socha Na Tha Aditi Sahani Номзадии баргузорнагашта Абҳай Деол
2005 Shaadi No. 1 Bhavna Тӯй № 1 Фардин Хон, Зайед Хон, Шарман Ҷошӣ, Эша Деол, Соҳа Алихон, Санҷай Датт
2005 Super Siri Valli Супер Сону Суд
2005 Home Delivery Jenny Вивек Оберой, Маҳима Чаудҳарӣ
2006 Shaadi Se Pehle Rani Bhalla То маросими Туй Акшай Ханна, Маллика Шерават, Сунил Шеттӣ, Офтоб Шивдасонӣ
2006 Yun Hota Toh Kya Hota Khushboo Бигзор Ҷиммӣ Шергил, Конкона Сен Шарма, Ирфон Хон
2006 Dor Meera Торҳои борики муҳаббат Шреяс Талпаде, Гул Кират Панаг
2007 Salaam-E-Ishq Gia Bakshi Салом Ишқ Салмонхон, Приянка Чопра, Анил Капур, Ҷуҳӣ Чавла, Акшай Ханна, Ҷон Абраҳам, Видя Балан, Говинда, Шеннон Эсра, Соҳайл Хон, Иша Коппикар
2007 Kya Love Story Hai Kajal Mehra Чигуна ҳикояи ишқ Тусшар Капур
2007 Fool and Final Tina Шаҳид Капур, Вивек Оберой, Саннӣ Деол, Самира Реддӣ
2007 Cash Preeti / Riya Аҷай Девган, Сунил Шеттӣ, Зайед Хон, Ритеш Дешмукҳ, Эша Деол, Шамита Шеттӣ, Дия Мирзо
2007 Blood Brothers Keya Ҷаззӣ Доу
2007 No Smoking Anjali / Annie Ҷон Абраҳам
2008 Sunday Sehar Thapar Якшанбе Аҷай Девган
2008 De Taali Amrita «Amu» Офтоб Шивдасонӣ, Ритеш Дешмукҳ, Римӣ Сен
2009 8 x 10 Tasveer Sheela Patel Расми 8x10 Акшай Кумар
2009 Wanted Jhanvi Салмонхон
2010 Paathshala Anjali Mathur Нана Патекар, Шаҳид Капур
2011 Mod Aranya Mahadeo Раннвиҷай Сингҳ

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Оиша Такиа

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Феҳристи ҳунарпешазанҳои Ҳиндустон

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Wanted Creates History On Eid. Box Office India. 22 September 2009
  2. Darshan, Khullar (25 February 2014). "Part II: Hindu Husbands and Muslim Wives". Pakistan: Our Difficult Neighbour and India's Islamic Dimensions. Vij Books India Pvt Ltd, 30 September 2014. p. 106. ISBN 9789382652823. Retrieved 25 January 2018. 
  3. Guhal, Kunal Small talk with Ayesha Takia - Green Dame. The Times of India (28 January 2017). 25 Январ 2018 санҷида шуд.
  4. нусхаи бойгонӣ. 4 октябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 октябри 2020.
  5. Taarzan Girl Ayesha Takia Celebrates Her Birthday Today. businessofcinema.com. Business of Cinema. 29 июни 2015 санҷида шуд.
  6. Falguni Pathak – Meri Chunar Udd Udd Jaye. youtube.com. Universal Music India Pvt. Ltd. 30 июни 2015 санҷида шуд.
  7. 7.0 7.1 7.2 Top 5 Ayesha Takia movies on her 28th birthday. Times Internet. 29 июни 2015 санҷида шуд.
  8. Dor Review. 5 октябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 феврали 2013.
  9. Zee Cine Awards 2007, Zee TV's Bollywood awards: Vote online on Sify Max. web.archive.org (12 феврали 2008). 5 октябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 феврали 2008.
  10. More jingoism, less singing in Sur Kshetra. Rediff.
  11. DelhiApril 10, India Today Web Desk New When Ayesha Takia was called insane for marrying Farhan Azmi at 23(англ.). India Today.
  12. Actress Ayesha Takia Gives Birth To Baby Boy!. 4 октябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 феврали 2014.
  13. нусхаи бойгонӣ. 4 октябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 октябри 2019.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]