Jump to content

Алатови Кузнетск

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Алатови Кузнетск — қаторкӯҳ дар ҷанубӣ Сибир, дар вилояти Кемерово ва кишвари Красноярски Федератсияи Россия. Байни хамиҳои Кузнетск ва Минусинск (Хакасия) ҷойгир аст. Тӯлаш қариб 300 км; бараш 150 км; баландии миёнааш 1000 – 1200 м; қуллаи баландтаринаш 2178 м (қ. Верхний Зуб). Аз кварсит, варақасангҳои силикатию гилӣ, габбро, диорит, мармар, сиенит ва ғайра таркиб ёфтааст. Нишебии кӯҳҳоро анбӯҳи (тайгаи) дарахтони коҷ, сидра ва бешаҳои дарахтони шарбин, санавбар фаро гирифтаанд. Сарватҳои зеризаминиаш – маъдани оҳан, манган, тило, хромит, боксит.