Jump to content

Алексей Викторович Баринов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алексей Викторович Баринов
17 феврал 2005 — 21 июл 2006

Таваллуд 30 декабр 1951(1951-12-30) (72 сол)
Таҳсилот
Ҷоизаҳо

Алексей Викторович Баринов - муҳандиси рус, роҳбари маъмурияти Округи Мухтори Ненетс аз 6 феврали соли 2005 то 21 июли 2006.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

30 декабри соли 1951 дар шаҳраки Табошари РСС Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1974 Донишкадаи индустриалии Тюмен ва соли 1987 Донишкадаи саноати нефту гази Маскавро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро дар вилояти Тюмен оғоз кардааст. Солҳои 1992 - 1994 - сардори шӯъбаи ташкил ва фаъолияти корхонаҳои муштараки иттиҳодияи истеҳсолии «Когалимнефтегаз».

Солҳои 1995-1998 Директори генералии ЗАО Лукойл-АИК .

Аз соли 1998 то соли 1999 узви раёсати ҶДММ «Polar Lights Company» буд. Аз соли 1998 - муовини директори генералӣ оид ба истихроҷи нафту гази ҶСК «Архангелскгеолдобыча», ҳамон сол директори генералии ҶСК таъин гардид (то соли 2000 дар ин вазифа буд)

Аз соли 1998 — раиси Шӯрои директорони ЗАО Арктикнефт.

Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медали «Барои азхудкунии сарватхои зеризаминй ва азхудкунии комплекси нефту гази Сибири Ғарбӣ» мукофотонида шудааст. Ходими хизматнишондодаи саноати нефту гази ФР.

Фаъолияти сиёсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

18 июни соли 2000 директори генералии ҶДММ «Архангелскгеолдобыча» буда, аз шаҳри Северодвинск вакили маҷлиси вилоятии Архангелск интихоб шуд. Вай пеш аз мӯҳлат аз мақоми вакили маҷлис ба далели рафтанаш ба дастгоҳи сафорат дар ҳавзаи федералии шимолу ғарбӣ истеъфо дод. Аз апрели соли 2003 то августи соли 2004 - нозири федералии Округи Мухтори Ненетс .

6 феврали соли 2005 дар даври дуюми интихобот сардори маъмурияти Округи мухтори Ненетс интихоб шуд.

Аз моҳи декабри соли 2005 узви Комиссияи ҳукуматӣ оид ба масъалаҳои комплекси сӯзишворӣ-энергетикӣ ва барқарорсозии базаи маъданӣ мебошад.