Алидӯсти Нойӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Алидӯсти Нойӣ
Санаи таваллуд

1501(1501)

Зодгоҳ

Ҳисор

Санаи марг

1569(1569)

Маҳалли марг

Ҳирот

Касб(ҳо)

оҳангсоз

Алидӯсти Нойӣ (1501, Ҳисор1569, Ҳирот) — оҳангсоз, навозанда ва мусиқишиноси тоҷик.

Эҷодиёт[вироиш]

Санъат ва илми мусиқиро сараввал аз падараш, баъд аз Ҳусайнхони Хоразмӣ ва Абдулллоҳи Нойӣ омӯхта, муддате дар дарбори ҳокими Тирмиз ҳамроҳи Хоҷа Ҷаъфари Қонунии Самарқандӣ ва Амирмастии Ҳиравӣ ҳунарварӣ кардааст. Бо санъаткори номӣ Мавлоно Хатиб дӯстӣ дошта, аз ӯ равиши сохтани «савт», «нақш», «амал», «кор» «қавл», «куллиёт», «рехта» ва ғайраро омӯхтааст ва дар анвои созию овозӣ асарҳои ҷолибе офаридааст. Дар асоси мақомҳои «Ироқ», «Ҳусайнӣ», «Бӯсалик» ва «Наво» оҳангҳо эҷод намудааст, ки онҳо на танҳо дар Тирмиз, Бухоро, Ҳирот ва Балх, балки дар Ҳиндустон низ шӯҳрат доштаанд. Бахшида ба устодаш Ҳусайнхони Хоразмӣ «Нақши Махдум»-ро офарид, ки он басе маъмул буд. Дар усул, зарби «Миаттайн» ба офаридаҳои устодони мусиқӣ Амирқули Танбӯрӣ, Устод Оҳуи Мусиқор, Устод Санҷари Оҳубарра, Хоҷа Шайхи Балабонӣ ва дигарон назираҳои мусиқӣ сохтааст.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Раҷабов А. Мусиқии тоҷикон ва анъанаҳои таърихии он дар садаҳои XVI - XVII. - Д., 2007.

Сарчашма[вироиш]