Jump to content

Қурбон Алиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Алиев Қурбон)
Қурбон Алиев
Қурбон Алиев
Таърихи таваллуд 1940(1940)
Зодгоҳ Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин
Ҷоизаҳо Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (2011), | Ордени Шараф (1999)

Қурбон Алиев — олим, доктори илмҳои биологӣ (1985). Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1997). Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (2011).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қурбон Алиев Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1962), ихтисос – «биологияи молекулавӣ». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: биологияи молекулавӣ, биохимия, биотехнологияи рустаниҳои кишоварзӣ. Ходими хурд ва калони илмӣ (1967-1972), мудири озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнологии (Аз соли 1972) Институти физиология ва биофизикаи рустании Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (аз соли 1996 Институти физиологияи рустанӣ ва генетикаи Академияи илмҳои ҶТ, аз соли 2011 Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании Академияи илмҳои ҶТ. Инчунин, ӯ солҳои охир дар кафедраи физиологияи рустаниҳо ва биотехнологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият мебарад.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи зиёда аз 300 – мақолаҳои илмӣ, 3- китоби дарсӣ, 5 – дастури таълимӣ.[1]

  • Бо ордени «Шараф» тақдир шудааст (1999).
  • Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (2011).
  • Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.