Бода Ишчил

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бода Ишчил
тур. Bade İşçil
Ном ба ҳангоми таваллуд: Bade İşçil
Таърихи таваллуд: 8 август 1983(1983-08-08) (40 сол)
Зодгоҳ: Истанбул, Туркия
Шаҳрвандӣ:  Туркия
Касб: ҳунарпеша
модел
Корнома: 2007-то ҳол
Самт: телевизион, синамо
IMDb: ID 3665358

Бода Ишчил (тур. Bade İşçil; тав. 8 августи соли 1983, Истанбул, Туркия) — ҳунарпешаи турк.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Бода 8 августи соли 1983 дар шаҳри Истамбул таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, факултети мӯд ва дизайни Донишгоҳи Йедитепаро хатм кардааст. Соли 2000 ӯ фаъолияти моделиро оғоз кардааст. Ӯ яке аз чеҳраҳои тамғаи молии BECEL ба шумор меравад.

Фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Бода соли 2007, ӯ дар силсилафилми ҳаҷвии Metropol Cafe пайдо шудааст, ки дар канали Cine5 пахш карда шуд. Байни солҳои 2009 ва 2011, ӯ дар силсилафилми "Эзел" -и Ay Yapim нақши "Шабнам Сертуна" -ро дар миёни ҳунарпешаҳои маъруф Кенон Имирзалиоғлу, Ҷонсу Дере ва Йигит Озшенер бозидааст. Баъд аз он ки силсилафилми Эзел ба охир расид, ӯ ба силсилафилми Kuzey Güney (2011) пайваст, ки бо Киванч Татлитуғ, Буғра Гулсой, Заррин Текиндор ва дигарон ҳунарнамоӣ намудааст. Бода соли 2017 бо Гӯкча Баҳодур, Аслихон Гӯрбӯз ва Тулин Озен дар силсилафилми Ufak Tefek Cinayetler нақши асосиро бозидааст.

Ӯ нақши «Ишек» -ро бар бузургияш дар силсилафилми Ишқ 101 Ask 101), ки дар Netflix соли 2020 пахш шудааст, тасвир кардааст. Ӯро дар ин лоиҳа Мерт Язиҷиоғлу, Алина Боз, Каан Ӯрганҷиоғлу ва дигарон ҳамроҳи намудаанд.

Ҳаёти шахсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

31 майи соли 2013, Бода бо Малкоч Суалп хонадор шудааст[1][2]. 9 августи соли 2014 онҳо соҳиби писаре шуданд, ки ба ӯ Азур ном ниҳоданд. Моҳи июли соли 2015, Бода барои талоқ муроҷиат кард. Моҳи январи соли 2016, ҷуфт қарор дод, ки оштӣ шаванд, аммо моҳи феврал Бода муроҷиатро бо талоқ аз нав оғоз кард ва гуфт, "оштӣ шудан ғайриимкон аст." Моҳи июни соли 2016, Бода аз шавҳараш ҷудо шуд. Ҳамсарон қарор доданд, ки ба хотири писари худ Азур дӯст бимонанд.

Филмнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Силсилафилмҳо
Сол Номгӯй Бо тоҷикӣ Нақш Шарҳҳо
2007 Metropol Cafe Шабнам
2009–2011 Ezel Эзал Шабнам Сертуна Нақши дуюмдараҷа
2011–2013 Kuzey Güney Бону Синанер Нақши дуюмдараҷа
2017–2018 Ufak Tefek Cinayetler Пелин Канер Нақши асосӣ
2020– Love 101 Ишқ 101 Ишек дар бузургӣ Нақши дуюмдараҷа

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сол Ҷоиза Категория Кор
2012 Ayaklı Newspaper TV Stars Беҳтарин ҳунарпешаи драма дар нақши дуюмдараҷа Kuzey Güney
2012 Донишгоҳи Galatasaray Беҳтарин ҳунарпеша Kuzey Güney

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Феҳристи ҳунарпешазанҳои Туркия

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. RÖPORTAJ: BADE İŞÇİL SÜALP. www.marieclaire.com.tr. Marie Claire Türkiye.
  2. Bade İşçil müjdeyi verdi. www.acunn.com. Acun Medya. 5 ноябри 2014 санҷида шуд.

Иқтибосҳо[вироиш | вироиши манбаъ]