Алишер Воҳидович Абдуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Abdullayev alisher.jpg

Абдуллоев Алишер Воҳидович (тав. 23.05.1951, ш. Исфара), риёзишинос ва файласуф, номзади илмҳои фалсафа (1988). Узви вобаста (1991), академики Академияи кайҳоннавардии ба номи К.Э.Сиалковский (1996), узви вобастаи Академияи байналмилалии ноосфера (1999). ИДПЛ (1973). Омӯзгори кафедраи фалсафаи ИДПЛ (1973-1980), корманди ЗГМИ (1980-1982), муаллими ҷамъиятшиносии омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод (1982-1983), муаллими калони филиали Хуҷандии ИПТ (1982-1991), аспиранти Институти педагогии ш. Москва (1985-1988), директори Институти ноосфераи назди АИX СССР (1993-1995), ҷонишини директори китобхонаи ба номи Тошхӯҷа Асирӣ (1995-2000), директори Маркази фарҳанги Шарқ ш. Москва (2001-2002) ва аз с. 2002 ноиби ректори Донишгоҳи муосири башарии Русия ва Тоҷикистон. Муаллифи 9 рисола ва 56 мақолаҳои илмӣ аст, ки дар Русия, Молдавия, Венгрия, Булғория, Фаронса, Юнон интишор шудаанд.