Алиҷони Ғижакӣ
Таърихи таваллуд | 1471 |
---|---|
Зодгоҳ | Ҳирот |
Таърихи даргузашт | 1540 |
Маҳалли даргузашт | Ҳирот |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз |
Соз | ғижак |
Алиҷони Ғижакӣ (1471, Ҳирот — 1540, Ҳирот) — мусиқидон, навозанда, хонанда ва оҳангсози форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз шогирдони машҳуру боистеъдоди Устод Шодӣ . Сараввал санъати мусиқиро аз падараш омӯхта, минбаъд асосҳои илмию назарии мусиқӣ, роҳу равиши навозандагӣ, сарояндагию оҳангсозиро зери сарпарастии Устод Шодӣ (1441—1506) ва Хоҷа Исҳоқи Шиҳобӣ аз худ кардааст.
Дар шаклҳои мураккаби «Савт», «Амал», «Пешрав», «Куллиёт», «Саҷъ», «Рехта», «Қавл» асарҳо эҷод намудааст. Дар тазмини асари Алии Кормал ва устодаш «Моҳи Ҳилол» савти «Ду ҷуфт моҳи ҳилол»-ро ба усули «Туркзарб» ба мақоми «Ҳусайнӣ» (бар ғазали Ҷомӣ) эҷод кард. Дигаре аз савтҳои машҳури Алиҷони Ғижакӣ «Сарви суманвар» (дар усули «Даври Шоҳӣ») ба услуби шуъбаи «Дугоҳ» (бар ғазали Биноӣ) мебошад, ки Устод Шодӣ онро аз беҳтарин осори мусиқӣ шуморидааст. Алиҷони Ғижакӣ инчунин «Куллиёт»-е ба мақоми «Рост» (ба усули «Даври равон», бар ғазали Ҷомӣ) тасниф намудааст, ки дар он моҳияти шаш овоза, дувоздаҳ мақом ва бисту чаҳор шуъбаро шарқ медиҳад. Алиҷони Ғижакӣ барои созҳои тории камонӣ низ чандин «амал», «кор», «пешрав» ва «тарона» эҷод намуда, қисме аз онҳоро ба Устод Шодӣ бахшидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Алиҷони Ғижакӣ / А. Раҷабов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 31 ISBN 978-99947-49-13-3
- Раҷабов А. Афкори мусиқии тоҷик дар асрҳои XII—XV. — Д., 1989;
- Раҷабов А. Мусиқии тоҷикон ва анъанаҳои таърихии он дар садаҳои XVI—XVII. — Д., 2007.