Алиҷони Ғижжакӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алиҷони Ғижжакӣ
Таърихи таваллуд 1471(1471)
Зодгоҳ Ҳирот
Таърихи даргузашт 1540(1540)
Маҳалли даргузашт Ҳирот
Пеша(ҳо) оҳангсоз
Соз ғижжак

Алиҷони Ғижжакӣ (1471, Ҳирот1540, Ҳирот ) — оҳангсоз, навозанда, сароянда ва мусиқидони форсу тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз шогирдони машҳуру боистеъдоди Устод Шодӣ (1441-1506, Ҳирот). Сараввал санъати мусиқиро аз падараш омӯхта, минбаъд асосҳои илмию назарии мусиқӣ, роҳу равиши навозандагӣ, сарояндагию оҳангсозиро зери сарпарастии Устод Шодӣ (1441-1506) ва Хоҷа Исҳоқи Шиҳобӣ аз худ кардааст.

Дар шаклҳои мураккаби «Савт», «Амал», «Пешрав», «Куллиёт», «Саҷъ», «Рехта», «Қавл» асарҳо эҷод намудааст. Дар тазмини асари Алии Кормал ва устодаш «Моҳи Ҳилол» савти «Ду ҷуфт моҳи ҳилол»-ро ба усули «Туркзарб» ба мақоми «Ҳусайнӣ» (бар ғазали Ҷомӣ) эҷод кард. Дигаре аз савтҳои машҳури Алиҷони Ғижжакӣ «Сарви суманвар» (дар усули «Даври Шоҳӣ») ба услуби шуъбаи «Дугоҳ» (бар ғазали Биноӣ) мебошад, ки Устод Шодӣ онро аз беҳтарин осори мусиқӣ шуморидааст. Алиҷони Ғижжакӣ инчунин «Куллиёт»-е ба мақоми «Рост» (ба усули «Даври равон», бар ғазали Ҷомӣ) тасниф намудааст, ки дар он моҳияти шаш овоза, дувоздаҳ мақом ва бисту чаҳор шуъбаро шарқ медиҳад. Алиҷони Ғижжакӣ барои созҳои тории камонӣ низ чандин «амал», «кор», «пешрав» ва «тарона» эҷод намуда, қисме аз онҳоро ба Устод Шодӣ бахшидааст.[1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Раҷабов А. Афкори мусиқии тоҷик дар асрҳои XII – XV. — Д., 1989;
  • Раҷабов А. Мусиқии тоҷикон ва анъанаҳои таърихии он дар садаҳои XVI - XVII. — Д., 2007.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - С. 31 ISBN 978-99947-49-13-3

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]