Алоуддин (хаттот)
Алоуддин ибни Аҳмад ибни Абдуллоҳ | |
Зодгоҳ: | Оббурдон, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ |
Навъи фаъолият: | хаттот, кандакор |
Алоуддин ибни Аҳмад ибни Абдуллоҳ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — хаттот ва кандакор тоҷик (асри 15).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зодгоҳаш деҳаи Оббурдони Кӯҳистони Мастчоҳ. Ҳунари хаттотӣ ва кандакориро аз кандакорони машҳури диёраш Ҳоҷӣ Маҳмуд, Боқӣ ва дигарон омӯхтааст. Катибаҳои бо дасти Алоуддин кандашуда хеле зебову хоно буда, аксар аз ҳудуди деҳаҳои Оббурдон ва Роиҷ пайдо шудаанд. Санаи аввалини катибаҳои ӯ ба соли 1405 ва охиринаш ба соли 1446 тааллуқ дорад. Катибаҳои рӯйи шаху харсангҳо ва қабрҳо, ки то замони мо мондаанд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки Алоуддин дар хаттотию кандакорӣ низ ба пояи устодонаш расидааст. Дар яке аз катибаҳояш байти зерин сабт аст:
- Сар аз ин вартаи хунхора бадар натвон кард,
- Оҳ аз ин роҳи хатарнок, ки дар пеши ман аст.
ӯ бештар аз 40 сол бо ин санъат машғул шуда, устоди машҳур мегардад. Дар катибаҳояш бештар намунаҳои хати сулс, таълиқ ва девониро хеле моҳирона истифода бурдааст. Бесабаб нест, ки кандакорон ва хаттотони баъдина ба ӯ пайравӣ кардаанд. Яке аз онҳо кандакор ва хаттоти садаи XVI Боқӣ буд. Осори Алоуддин дар фонди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Алоуддин Дониши Академияи Илмҳои ҶТ (таҳти рақамҳои 32, 48, 52, 132, 149, 165) маҳфузанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мухторов А., Санг ҳам диле дорад, Д., 1986;
- Мухторов А., Эпиграфические памятники Кухистана (X1 - X1X), кн. 1, Д., 1978.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.