Jump to content

Ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Кӯҳистони Мастчоҳ)
Ноҳияи маъмурӣ
Ноҳияи Кӯҳистони Масчо
39°27′03″ с. ш. 69°44′14″ в. д.HGЯO
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи Вилояти Суғд
Маркази маъмурӣ Меҳрон
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис соли 1996
Масоҳат 3723[2] км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 24400[3] нафар (2022)
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон-сунниҳо
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Коди телефон +992 3479
Нишонаи почта 735520
Домени интернет tj
Коди мошинҳо 02 TJ
Ноҳияи Кӯҳистони Масчо дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор
Даромадгоҳи ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ

Ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ (форсӣ: ناحیه کوهستان مسچا‎) — яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд аст. Маркази ноҳия — деҳаи Меҳрон. Ноҳия соли 1996 аз нав ташкил шудааст. Аҳолӣ — 22 800 нафар. Масоҳат — 3723 км². Масофа аз маркази ноҳия то Душанбе — 252 км.

Аз ҷиҳати ҷуғрофӣ Кӯҳистони Мастчоҳ маҳалли ноҳамвор буда, дар баландии аз 2000 то 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Онро аз ҷануб қаторкӯҳи Зарафшон, аз шимол қаторкӯҳи Туркистон иҳота кардаанд. Тӯли ин дараи азим 170 км буда, вусъаташ дар баъзе мавзеъҳо 8-10 ҳазор метрро ташкил медиҳад.

Рӯдхонаи Зарафшон, ки аз Сардара то Подара онро убур кардааст, аз пиряхҳои хурду бузурги саргаҳи он, рӯдаку чашмасорони дараю тагобаҳо оғоз гирифта поён меравад ва ҳамвора серобтар шуда, ба дарёи азиме табдил меёбад.

Пиряхи калонтарини он Зарафшон ном дорад. Ин хазинаи илоҳии об дорои 27,3 км тӯл, 2 км бар аст. Масоҳати умумии он 44,7 км, бо назардошти шохаҳояш 127 км муқаррар карда шудааст.

Зарафшонрӯд (номи қадимиаш Политамент) ба дарозои 781 км, то паҳноҳои Самарқанд ва Бухоро ҷорӣ мешавад.

Аҳолӣ асосан дар рустоҳои хурду калоне, дар мавзеъҳои ба зистан мувофиқи кӯҳистони пурхавфу хатар аз тармаю селу сангрезии ду соҳили дарё, Соярӯ ва Офтобрӯя зиндагӣ мекардаанду зиндагӣ мекунанд. Ин маскунгоҳҳо бо иловаи чанд деҳа дар Тагоб ва Fузндара 56 адад буда, алҳол зиндагӣ дар ҳамаи онҳо барқарору гардон аст.

Тибқи таҳқиқот ва хулосаҳои илман асосноки муаррихон ва бостоншиносон дар ин маъвои баланд ҳанӯз дар асри биринҷӣ одамон зистаанд. Шаҳодати ин иддао маҷмӯи сангҳои навиштаест, ки ду сол пештар олимон дар Сабағ пайдо карданд. Олимон ҳадс мезананд, ки дар ҳазораи якуми пеш аз мелод ин маскунгоҳ ба сарзамини Суғд мансуб будааст. Зумрае бар он боваранд, ки Зардушт паёмбари оташбоварон дар ҳамин диёр таваллуд шуда бошад. Гӯё модараш Дуғдоға аз рустои Роғ, падараш Спитамон аз Туро будаанд.

Дар асрҳои VI—V пеш аз солшумории мо Курӯши Кабир сарзамини Суғдро ба султаи (империя) бекаронаи худ ҳамроҳ кард. Муғҳо, сокинони мушкилписанд, кишоварзони моҳир, ки осори ҷӯйҳои кашидаашон дар камари кӯҳу ёлаи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳанӯз ҳам боқист, ба тамаддуни Ҳаҳоманишиҳо гаравиданд. Искандари Мақдунӣ дар садаи дуюми пеш аз мелод дар кӯҳистони Суғд ба муқобилияти сахт дучор шуд. Тӯли юришҳои зиёди ҷаҳонгиронаи худ бори нахуст шикаст хӯрд ва бо китфи захмдор аз табари ҳавододаи ватандори суғдӣ қафо гашт. Қалъаи Ҳисорак, воқеъ дар деҳаи Падаск, ба хулосаи бостоншиноси маъруф Юсуфшоҳ Ёқубов беш аз 2,5 ҳазор сол муқаддам бино шудаву шаҳодате аз он рӯзгор аст.

Кӯҳистони Мастчоҳ, умуман обрави Зарафшонрӯд, дар маъхазҳои таърихии асрҳои 5-6 мелодӣ бо номи Бутамон ёд мешавад. То истилои арабҳо он ба се қисмат, Бутамони Берунӣ, Бутамони Миёна ва Бутамони Дарунӣ тақсим бандӣ шуда будааст.

Пас аз инқирози сулолаи Сосониён, шаҳодат додаанд муаррихон, аз ҷумла академик Бобоҷон Fафуров, арабҳо дар замони хилофати Язид ибни Муҳаллад Бутамонро забт карданд. Кӯҳистониёни ғаюр ислом ва мубаллиғони тиру шамшербадасти онро напазируфтанд ва ишғолгаронро аз ватани худ ронданд. Вале дар ибтидои асри VIII саркардаҳои араб боз ба Бутамон сар дароварданд. Бори дуюм дар замони амири лашкари ислом будани Қутайба ибни Муслим, пас аз кӯшиш ва талафоти зиёд, солҳои 713—714 Ҷаҳм ибни Заҳр сарзамини Суғдро тасарруф кард. Ниҳоят пас аз шӯришу исёнҳои зиёд бо мурури замон ихлосмандони ойини Зардушти Спитамон ба қисмат тан доданд, дини Муҳаммадро пазируфтанд ва то кунун ба он садоқати комил доранд.

Ҳазорсолаи дуюми мелодӣ, ё асрҳои миёна дар Кӯҳистони Мастчоҳ чун дар дигар навоҳии водии Зарафшон зиндагӣ ҷараён дошт ва ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ вобаста ба тафаккури ҷории давронҳою аморатҳо ташаккул меёфт. Муҳаққиқони ҳирфавии таърихи Мастчоҳ, шуғл, забон, фарҳанг ва дину ойини мардуми он А. Л. Хромов, Аҳрор Мухторов, Юсуфшоҳ Ёқубов ва Назирҷон Турсунов, қавмшинос Аво Сузӣ ва чанде дигар дар осори илмии худ ҳадди имкон далелу хулосаҳои худро оид ба рӯзгори ин диёр дар ҳазорсолаи сипаришуда иброз доштаанд.

Гузашта аз ин, ёдгориҳои хаттӣ, катибаҳо, намунаҳои ҳунари меъморӣ, мазору қадамҷои азизони тасаввуф, шайхони тариқат, аз қабили Дарвешмуҳаммади Ромитӣ, Робиаи Хуҷандӣ, Бибиаёзи Хуҷандӣ (аз табори Шайх Маслиҳатидин), Хоҷаи Гулшан, Хоҷа Иброҳим, Ҳазрати Довуд, Абӯмӯсо, осори хароботи қалъаю дидбонгоҳҳои қадима дар деҳаҳои Оббурдан, Рогиф, Эсиз, Мадрушкат, Пакшиф, Палдорак, Ҳадишаҳр, Ланглиф ва Деҳманора гувоҳи ҳол мебошанд.

То истилои русҳо, яъне то ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ба султаи (империя) Русия, соли 1867, Кӯҳистони Мастчоҳ як бекигарии ниммустақил буда, ба он мирҳое, ки аксаран халқ ё намояндагони мардуми деҳаҳо интихоб ва таъйин мешуданд, роҳбарӣ мекардаанд. Вале охирҳои асри ХVII ва аввали асри ХVIII амир Ҳайдари манғит Мастчоҳро ба аморати Бухоро тобеъ намуд. Ин мутеъият ба кӯҳистониёни озода, табиист, ки писанд наёмад. Баробари вафот кардани Ҳайдар мастчоҳиён исён карда, гумоштаи манғитиёнро ронданд ва аз соли 1825 то 1836, тӯли 11 сол мустақилияти сиёсии худро барқарор доштанд.

Мутаассифона, амир Насрулло ин «ноз»-и кӯҳистониёнро набардошт. Мири «қассоб» (сифати Насрулло, ки омири ниҳоят золим ва хунхор будааст) бо ҷангу зӯрӣ ва фишори иқтисодӣ Мастчоҳро боз ба аморат тобеъ намуд. Мардуми озодманиш, ҷасуру ҷанговари кӯҳистон барои манғитиҳои носерам, ки ба кишварҳои ҳамсояи худ, Хуҷанд ва Қӯқанд чашми тамаъ дӯхта буданд, чун ҷанговари кироя, қувваи ҷангии арзон лозим буданд. Чуноне ки мутлақияти рус ба казакҳои Дон ва Урал ниёзманд буд.

Насрулло дар ҳуҷумҳои густурда дастаҳои махсуси кӯҳистониён — ихтиёриёнро истифода мекард, яъне ҳарифонашро бо мушти «вазнин»-и дигарон саркӯб менамуд, исёну эътирозҳоро дар қаламрави аморати худ пахш менамуд.

Масалан, соли 1842 Насрулло ба хони Қӯқанд ҷанг эълон кард. Мири ҳамонвақтаи Кӯҳистони Мастчоҳ Ботурхоҷа (Давлатхоҷаи Пироншо, аз деҳаи Палдорак) бо 500 нафар сарбозони яккачини худ иштирок ва дар якҷоягӣ бо кирояҳои қаротегинӣ ғалабаи Бухороро бар Қӯқанд таъмин намуд.

Соли 1870 русҳо ба болооби Зарафшон — Панҷакент, Фалғар ва Мастчоҳ сафари ҳарбӣ-тадқиқотӣ (экспедитсия) ташкил намуданд. Генерал Абрамов пас аз ин сафари худ ба маркази империя ҳисоботи муфассал навишт ва Мастчоҳ низ ба ҳавзаи зарафшонии ишғолгарони рус тобеъ карда шуд.

Аз соли 1886 то соли 1913 Кӯҳистони Мастчоҳ як волост (навоҳӣ) дар ҳайати уезди (вилояти) Самарқанд, аз соли 1914 то соли 1923, то барқароршавии ҳокимияти шӯравӣ, маҳалли вобастае ба волости Ӯротеппаи уезди Хуҷанд будааст.

Сокинони Кӯҳистони Мастчоҳ аз қадим ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул будаанд. Ҳунармандӣ низ дар зумрае аз деҳаҳои он, аз ҷумла Оббурдан, Ҳадишаҳр, Эсиз, Рогиф, Ревомутк, Падаск, Мадрушкат, Валғунд, Роғ ривоҷ дошту ривоҷ дорад. Косибони ин маҳалҳо ба дуредгарӣ, оҳангарӣ, қисман ба бофандагӣ машғул мешудаанд. Осори ҳунарашон то замони мо (кӯзаҳо, оҳани ҷуфт, чарху дӯк, дастгоҳҳои намадсозию гилем ва матоъбофӣ, лӯлаҳои (қубур) нақли оби нӯшокӣ аз сафол, нақшу нигори бурҷу бора ва кодоки манзилҳо) омада расидааст. Ҳунармандони насли нав касби аҷдодони худро идома ва такмил додан доранд.

Аз соли 1923 Кӯҳистони Мастчоҳ ба ҳайси Кумитаи маҳаллии инқилобӣ (раисаш Бобохони Ҳамдам) аз тарафи ҳукумати шӯравӣ шинохта шуд. Чоруми октябри соли 1924 бошад, ҳангоми тақсимоти марзӣ дар Осиёи Миёна онро аз ҳайати РАСС Туркистон бароварда, ба РАСС Тоҷикистон шомил намуданд.

Ин табодул барои болшевикон осон ба даст наомад. Аксулинқилобчиён муқобилияти шадид нишон доданд. Дастаҳои ихтиёриён зери фармондеҳии Нусратшоҳ, Ҳомид ва чанде аз саркардаҳои дигар барои Артиши Сурхи коргару деҳқон дар кӯҳистон мушкилоти зиёде эҷод намуданд, нагузоштанд, ки шӯроҳо осону бехалал Кӯҳистони Мастчоҳро тасарруф намоянд.

Ниҳоят, соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил ёфт ва Мастчоҳ, чун воҳиди мустақили маъмурӣ, аз 5 декабри ҳамон сол расмият пайдо кард.

Солҳои 30-40-и асри гузашта Кӯҳистони Мастчоҳ хеле рушд намуд. Хоҷагиҳои зиёди ҷамоавӣ (колхозҳо) ташкил карда шуданд, кишоварзӣ ва чорводорӣ инкишоф ёфт. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ин ноҳияи сирф аграрӣ ба ҷабҳа кумаки зиёди моддӣ расонид. Баъд аз ҷанг, солҳои 1950-56 хоҷагиҳои чорводори ноҳия ба Данғара муроҷиат карданд.

Дар чарогоҳҳои доманадори он даҳҳо ҳазор меш, галаҳои сершумори аспи мастчоҳиён мечариданд. Дар ин даврон, яъне то муҳоҷирати кӯҳистониён ба водӣ раисону тӯдакашони кордону масъулиятшинос ба халқ, ба партия-ҳукумат содиқ Бобохони Ҳамдам, Ибодулло Оқилов, Файзӣ Султонов, Тӯтии Шехӣ, Ҷумъаи Одина, Мирзораҳими Расул, Сафар Наврӯз, Ҳасан Шариф, Сафари Бадал, Ҳаким Раззоқов, Амир Юсуф, Масъуд Ҷамол, Пир Дӯст, Насим Салим, Раҷаби Наврӯз, Холи Шоҳ, Аваз Сафар ва чанде дигар пайи ободонии ин маъво, беҳбудии рӯзгори мардум, рушди мактабу маориф саҳми босазо гузошта буданд, ки ёдашон ба хайр.

Соли 1956 бо тақозои замон ва қарори ҳукумати вақт, бо мақсади азхуд кардани заминҳои ташналаб ва бекорхобида мардуми Кӯҳистони Мастчоҳ низ ба дашти Дилварзин муҳоҷир карда шуданд.

Диёри кӯҳанбунёде, ки онро сокинонаш бо дилкашолӣ тарк карда, ноилоҷ маъвои аҷдодӣ, манзилҳои хуни нофашон рехта, мазористонҳои бобоёнашон хуфтаро ба қисмат ҳавола намуда рафта буданд, муддате, шояд 20 сол, холӣ монд. Зиндагӣ гӯё ғояте таваққуф кард, то нафас рост бикунад ва ҳаракати созандаю барозанда, биёрандаю барандаи худро идома бидиҳад.

Шурӯъ аз ибтидои солҳои 70-уми асри гузашта бозгашт ба маъвои аҷдодон, аввалҳо пинҳонию баъдтар ошкоро оғоз шуд. Обу хоки шарифи ин сарзамин парвардаҳои худро боз сӯяш кашид. Манъу таҳдиди зимомдорони даврон асар накард.

Дере нагузашта бо ташаббуси роҳбарияти Мастчоҳи нав дар Мастчоҳи куҳна (он солҳо онро бо тамасхур ҳамин хел ном мебурданд) Иттиҳодияи байнихоҷагии (байниколхозӣ) гӯсфандпарварӣ ташкил карда шуд, ки заминаи мавҷудияташ чарогоҳҳо ва заминҳои бекормондаи деҳаҳои бобоӣ буданд.

Ба ин иттиҳодия мутахассиси варзидаи соҳаи иқтисод, роҳбари масъулиятшинос ва дурандеш, номзади илм Холмуҳаммад Сангинов роҳбарӣ кард ва барои оянда, барои эҳёи зиндагӣ дар маъвои аҷдодон заминаи мӯътамад гузошт. Маҳз дар ҳамин давра ба деҳаҳои кӯҳистон зери сояи «коргари иттиҳодия», «ёрдамчии чӯпон», «хошоктайёркун» ва дигар ниёзмандиҳо муштоқони обу хокаш кӯчида рафтанд. Оҳиста-оҳиста роҳбарони ноҳияи Мастчоҳи нав ҳам бо фаросат дарёфтанд, ки обод кардани Мастчоҳи куҳна ҳам лозим. Ва бозгаштро ба он расмият бахшиданд.

Дар аксари кулли деҳаҳо чароғи бобоӣ аз нав фурӯзон гашт, сукути ваҳмангези кӯчаю паскӯчаҳоро гуфтугузори мардум, хандаи кӯдакони онҳо барҳам зад. Мӯриҳо дудбаро шуданд, рӯзгори пур аз умеду орзуҳои инсонӣ ҷараён гирифт, ба ҷӯйҳои лабташна об омад, мазраҳо сабз шуданд, боғу роғ гулрез гардиданд.

Дар ин солҳои пурбаҳсу пурталош абармардоне чун Холмуҳаммад Сангинов, Саидҳаким Боқиев, Баҳриддинхоҷа Зокиров, Ҳаётхӯҷа Умаров, Домуллоҷон Қозиев, Амирбек Тӯйхонов, Бобои Дарвеш Ашӯров, Азизмаҳмад Валиев, Саидаҳрор Аҳмадов, Анварбек Фаррухов, Охун Мухторов, Қуддус Сангинов, Бобо Ҳасанов ва дигарон дар деҳаҳои аксаран матрукшуда ободонӣ ва барқароркунӣ, обёрии заминҳоро ба роҳ монда, бозгаштагонро сафарбару сарварӣ намуданд, дар эҳёи ҳаёт дар диёри бобоён ҳиссаи босазо гузоштанд. Ибтидои солҳои 90-и асри гузашта дар заминаи иттиҳодия, бо мақсади ба роҳ андохтани истеҳсолот ду хоҷагии давлатӣ (совхоз) ташкил карда шуд. Баъдтар, пас аз эълон шудани Истиқлоли давлатии Тоҷикистон онҳо барҳам хӯрданд, ҷояшон 4 хоҷагии ҷамоавӣ (колхоз) ташкил ёфт. Тӯли беш аз 20 сол, яъне даврони барқароршавии хоҷагидорӣ ва ободонии маҳалҳои аҳолинишин Кӯҳистони Мастчоҳ тобеи ноҳияи Мастчоҳи нав (дар ду шӯрои ҷамоатӣ, Лангар ва ба номи Иван-тоҷик буд) як ҷузъи ин ноҳияи калонтарини пахтакорӣ дар вилояти Ленинобод ба ҳисоб мерафт.

Нимаи дуюми солҳои 90 афзоиши аҳолӣ, пайдо шудани мушкилоти рафтуомад, бинобар ҳаводиси маълуми даврони ҷанги шаҳрвандӣ, фалаҷ шудани назорати маъмурӣ, зиёд гардидани талаботи мардум ба маводи аввалияи зист, паст фуромадани сатҳи таълим ва тарбия дар мактабҳо, хидматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ зарурияти ташкили ноҳияи наверо дар ин маскунгоҳи бостонӣ ба миён оварданд.

Соли 1996 бо иқдоми шахсии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар харитаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ноҳияи нав, воҳиди маъмурии мустақил — Кӯҳистони Мастчоҳ арзи ҳастӣ намуд. Ин «шукуфаи Истиқлол» тӯли 20 соли мавҷудият ва ну-мӯи худ, тавассути таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии бевоситаи раисони вилояти Суғд муҳтарамон Қоҳир Расулзода ва Абдураҳмон Қодирӣ бозсозӣ ва ислоҳоти хоҷагидориро аз сар гузаронид ва хеле рушд кард, чун ноҳия мавқеи худро дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсию иқтисодии ҷумҳурӣ барқарор ва мустаҳкам намуд, ба яке аз мавзеъҳои босамартарини истеҳсоли картошкаи хушсифат, меваҷоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи боғот табдил ёфт.

Феълан дар Кӯҳистони Мастчоҳ беш аз 23 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Масоҳати умумии ноҳия 3,7 ҳазор км буда, аз он 3514 гектар замини корами обӣ, 450 гектараш боғот мебошанд. Ҳосилнокии зироатҳо хеле баланд шудааст. Ҳамасола аз заминҳои киштшаванда 350—400 сентнерӣ картошка, то 58 сентнер гандум ва дигар зироатҳо ҳосил рӯёнида мешавад. Кишоварзони ноҳия соле наздики 70 ҳазор тонна картошка истеҳсол намуда, бозорҳои ҷумҳуриро бо ин навъи маҳсулоти хушсифат таъмин менамоянд. Аз 450 гектар боғи мева ҳар сол даҳҳо тонна меваҷоти хушсифат ҷамъоварӣ карда мешавад.

Соҳаи чорводорӣ низ дар даврони Истиқлолият тараққӣ кард. Хусусан, дар сектори хусусӣ саршумори моли майда афзудан дорад. Парвариши қутос, ки 4-5 сол пеш ба роҳ монда шуд, ривоҷ ёфт. Ободонии маҳалҳо, сохтмони бино барои муассисаҳои ҳифзи саломатӣ, маориф ва фарҳанг, таъмиру такомули роҳҳо, пулу гузаргоҳҳо, обшикану монеаҳои соҳили Зарафшон хеле назаррасанд. Тӯли 15-20 соли охир бо истифода аз маблағгузориҳои хориҷӣ ва буҷаи маҳаллию ҷумҳуриявӣ, ҳиссагузориҳои ройгони аҳолии маҳал ва соҳибкорони худӣ чандин маркази саломатии замонавӣ, бинои нави мактаб, мактаб-парваришгоҳ, идораи маориф сохта шуд.

Инфрасохтор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таъмини аҳолии ноҳия бо рӯшании барқӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад. Хати баландшиддати интиқол дар се соли охир ба масофаи 30-35 км боло рафта, аз Хайробод то Сабағ тӯл кашид. Дар рӯдхонаҳои мувофиқ нерӯгоҳҳои хурди истеҳсоли барқ сохта шудааст. Муассисоти фарҳангию маърифатӣ низ рӯ ба беҳбудӣ доранд. Қасри фарҳанг ба истифода дода мешавад. Дар ду ҷамоати ноҳия Лангар ва ба номи Иван-тоҷик беш 10 китобхона амал мекунанд. Рӯзномаи ноҳиявии «Паёми кӯҳистон» нашр шудан дорад. Дар назди идораи ин нашрия маҳфили адибон ва эҷодкорон бо сарварии собиқ муҳаррири рӯзнома Абдуллои Фозил амал мекунад, ки 18 нафар шоиру нависандагони соҳибдевон ва навқаламони ноҳия, аз ҷумла Баҳриддини Валғундӣ, Мирзо Давлат, Муллоҷони Қозӣ, Файзуллои Хол, Шарифи Шарифзод, Ҳотамбеки Қосимбек, Муваҳҳид, Мирзоҳайдари Умарзод ва чанде дигарро муттаҳид намудааст. Қаламкашони ноҳия анъанаи омӯзандаю созандаи суханро, ки шоирони гузаштаи ин диёри шеъру адабпарвар Юсуф Вафо, Аҳмад Мираминзода, Қурбон Ҳусейниро пайгирӣ карда, дар тарбияи маънавии ҷавонону наврасон, бедор намудани ҳисси худшиносӣ, ҳуввияти миллии онҳо, ватан ва суннатҳои ватандорӣ саҳм мегузоранд.

Ин диёри кӯҳанбунёд дорои захираҳои бойи маъдан ва ангишти хушсифат мебошад. Дарёфт ва коркарди конҳо ҳадафи ояндаанд. Алҳол дар Fузндара корхонаи хусусии истеҳсол ва фурӯши ангишт амал мекунад. Дар тагоби Табаспин бошад, корҳои омӯзишӣ-ҷустуҷӯӣ ва андозагирии кони тилои «Қулла» идома дорад. Дар роҳандозии кори ноҳияи нав, гузаронидани ислоҳоти сохти хоҷагидорӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави муносибат ба соҳаи кишоварзӣ, тақсимоти замин ба деҳқонон чун саҳм, барқарор намудани сохторҳои ҳукумати маҳаллӣ, банақшагирии рушди Кӯҳистони Мастчоҳ, ҷалби маблағҳои хориҷӣ ва сарфу харҷи ҳадафноки онҳо шахсиятҳое чун Сироҷиддин Ҳасанов (раиси нахустини ноҳия), Мирзоҳаёти Мирзоолим, Тоҷиддин Ниёзов, Бердибой Қозиев, Нурулло Оқилов (собиқ раиси ноҳия), Шариф Ҳасанов, Суҳробшоҳ Охунов (раиси собиқи ноҳия), Маҳмадамин Аминов (собиқ раиси ҷамоати Лангар), Раҳим-ҷон Наимов, Амирбек Тӯйхонов, Мулломаҳмад Рӯзиев, Абдуқайюм Fаффоров, Шоҳмаҳмад Холов, Абдуҷаббор Шоев, Домуллоҷон Қозиев (собиқ роҳбари идораи андоз) ва чанде дигар саҳми арзанда гузоштаанд.

сол 2012 2013 2014 2015 2019 2020
шумора
(ҳаз. нафар)
21,6 22,0 22,3 22,8 24,7 25,4

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 2 ҷамоат дорад.

Ҷамоатҳои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ [4]
Ҷамоат Аҳолӣ
Иван-Тоҷик 12 381
Лангар 8 845

Сарвари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки онро раъйдиҳандагони ноҳия барои 5 сол интихоб мекунанд.

Ноҳия аграрӣ буда, маҳсулоти асосии истеҳсолшаванда ғалладона, боғдориву картошкапарварӣ ва чорводорӣ мебошад. Майдони заминҳои картошка ҳоло то 2000 гектар васеъ гардидааст. Аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ ҷиҳати иҷрои Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ ба ноҳия 440 сар қутос ворид карда шуд буд, ки ҳоло саршумори он қариб ду баробар зиёд шудааст. Як самти муҳимму фоидаовари соҳаи кишоварзии ноҳия рушди занбӯрпарварӣ ва истеҳсоли асал ба шумор меравад. Дар ҳудуди ноҳия дар доираи Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ оилаҳои занбӯри асал ба 1200 адад расонида шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли асал дар нимсолаи аввали соли 2016 ба 8 тонна расидааст.

Дар ҳудуди рӯдхонаи Зарафшон дар гузашта ҳунари заршӯӣ ривоҷ доштааст. Кӯҳистони Масчоҳ захираҳои коркарднашудаи тило, нуқра, сангҳои қиматбаҳо ва дигар навъҳои маъдан хеле зиёданд ва истифода аз чунин имкониятҳо метавонад ба рушди саноати ноҳия, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд. Айни замон аз ҷониби Ҷамъияти «Апрелёвка» лоиҳаи таъсиси коргоҳи ҷамъоварии тило ва ба роҳ мондани фаъолияти заршӯӣ аз дарёи Зарафшон таҳия шудааст, ки дар фурсатҳои наздик корҳо дар ин самт оғоз мегарданд.[5]

Маориф ва фарҳанг

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар давоми 20 соли охир 12 муассисаи нави таълимӣ, ки аксари онҳо дар Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои давраи то соли 2015 пешбинӣ гардида буданд, бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.[5]