Алӣ Бобоҷон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Алӣ Бобоҷон
Алӣ Бобоҷон
Ном ба ҳангоми таваллуд:

Алӣ Бобоҷон

Санаи таваллуд:

10 феврали 1936

Зодгоҳ:

Конибодом

Шаҳрвандӣ:

Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон

Навъи фаъолият:

шоир ва нависанда

Жанр:

шеър, ҳикоя, очерк, публисистика

Забони осор:

тоҷикӣ

Алӣ Бобоҷон (тав. 10 феврали 1936 шаҳри Конибодомшоир ва нависандаи тоҷик. Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1982), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва журналистони СССР (1972).

Зиндагинома[вироиш]

Соли 1959 факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Фаъолияташро дар рўзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») оғоз намуда, минбаъд дар дигар нашрияю нашриёт идома мебахшад. Аз соли 1992 ба сифати ходими калони илмии Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон заҳмат кашидааст. Соли 2016 дар зодгоҳи адиб ш. Конибодом маҳфили адабии «Шаҳдрез» ба ҷашни 80-солагии шоири ширинсухан, публисисти оташинсухан, зиёии асил, нависанда, ва тарҷумони маъруф, аъзои иттифоқҳои нависандагон ва журналистони Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи ҷумҳурӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, инсони накӯному накӯкор Алӣ Бобоҷон бахшида шуд.

Маҳфил бо иштироки васеи аҳли қалами шаҳр ва ҷавонону наврасон доир гардида, инчунин ба он меҳмонон академик Акбар Турсон, шоирон Ҷӯра Ҳошимӣ ва Юсуфҷон Аҳмадзода аз пойтахти кишвар ташриф оварданд.[1]

Эҷодиёт[вироиш]

Муаллифи қариб шашсад очерку мақола ва публисистика аст, вале шўҳрат ва шахсияти адабиаш ба хотири ашъори бачагона бештар зуҳур гардидааст. Аввалин асарҳояш соли 1955 рӯи чопро дидаанд. Асосан барои бачагону наврасон менависад. Осори манзумаш дар маҷмӯъаҳои «Бачаҳои хуб» (1963), «Мусича» (1965), «Гули бодом» (1966), «Парвози орзу» (1971), «Мавҷи сурур» (1973), «Некӣ ба некӣ» (1976), «Усто-парасту» (1978), «Нилуфар» (1980), «Осмондара» (1981), «Намаки зиндагӣ» (1986), «Зардолуи маҳтобӣ» (1988), «Атри кӯҳистон» (1993), «Базмия» (2000), «Шеъри истиқлол» (12001), «Сад барги Ҳисор» (2001), «Обаки зарин» (2003), «Пайғоми парасту» (2003), «Алифбои парандаҳо» (2004), «Меҳрпайванд» (2006), «Мусиқии баҳор» (2008), «Наврӯзи наврасон» (2012) ба табъ расидаанд.

Дастае аз асарҳои насрии Алӣ Бобоҷон (ҳикоёти воқеӣ, очеркҳои ҳуҷҷатӣ ва мақолаҳои публитсистӣ) дар китобҳои «Домулло Азизов» (1970), «Нахустқаҳрамони тоҷик» (1979), «Тоҷикистони ман» (1983), «Чароғи Ӯялӣ» (дар ҳаммуаллифии Собири Шоҳонӣ; 1996), «Соҳибҳунар» (1998), «Писархонди алоқачиён» (1999), «Конибодом» (дар ду ҷилд), «Меҳрпайванд» (2006), «Дурахши ситора (дар ду ҷилд, 2012) ва ғ. фароҳам омадаанд. Силсилаи мақолаҳои ӯ дар ҷилдҳои гуногуни Энсиклопедияи советии тоҷик ба табъ расидаанд.

Аз таронасароёни варзидаи кишварамон буда, панҷоҳ сол инҷониб ҳамроҳи бастакору мутрибони ҷумҳурӣ дар равнақи суруди миллӣ заҳмат мекашад. Соли 1984 дар Озмуни «Беҳтарин суруд дар васфи Тоҷикистон» ҷойи аввал насибаш гардидааст. Бисёр шеърҳои ӯ дар силсилаи «Китобхонаи бачагони халқҳои СССР», ки ҷумҳуриятҳои шӯравӣ ба табъ мерасонданд, интишор ёфта, ба русию украинӣ, белорусию ӯзбекӣ, арманию озарӣ, қазоқию қирғизӣ, эстонию литвонӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва чоп шудаанд. Китоби шеърҳояш «Устопарасту» (Боку, 1978) ба забони озарӣ, Мусиқии баҳор» (2008) ба забони озарӣ ба табъ расидааст. Намунаҳои ашъораш дар Эрону Афғонистон ҳам чоп шудаанд. Тарҷумаи китобҳои шоирони озарӣ:Т.Муталлибов «Чӯҷаҳо», С.Мамадзода «Калид», тазкираи шуарои Вйетнам «Муҳаббат ва ғазаб» ба қалами ӯ мансубанд. Тарҷумаи тоҷикии силсилаи шеъру манзумаҳои ба Тоҷикистон бахшидаи шоирони ҷаҳонро дар «Китоби дӯстӣ» (1989) дастраси умум гардондааст.[2][3]

Мукофот[вироиш]

  • Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1982),
  • Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998),
  • «Нишони сухан»,
  • Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1971).

Адабиёт дар бораи Алӣ Бобоҷон[вироиш]

  • Абдуллоев, Н. Бобоҷон Алӣ [Матн] // Энсиклопедияи Со­ветии Тоҷик. – Душанбе, 1978. – Ҷ.1. – С.467.
  • Алӣ Бобоҷон [Матн] // Тазкираи адабиёти бачагон. – Душанбе, 1979. – Ҷ.1. – С.297-298.
  • Саидзода, С. Насими баҳор [Матн] // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 31 август.
  • Алиева, Н. Зардолуи ширин [Матн] // Газетаи муаллимон. – 1989. – 11 феврал.
  • Маниёзов, А. Писандидагуфтору нозукхаёл [Матн] // Садои Мардум. – 1996. – 14 сентябр.
  • Қаҳҳорӣ, А. Умре, ки сарфи шеър аст [Матн] // Ҷумҳурият. – 1997. – 12 апрел.
  • Алӣ Бобоҷон // Адибони Тоҷикистон [Матн]: Маълумотнома. – Душанбе: Адиб, 2002. – С.126-128.
  • Бобоҷон Алӣ [Матн] // Конибодом. – Хуҷанд, 2006. – С.103.[4]

Намунаи ашъор[вироиш]

СУБҲИ МУРОД

Дилрабо, субҳи баҳорон бидамидаст, биё!

Вақти сайри гулу гулзор расидааст, биё!

Ҳар ниҳоле, ки ба боғ аст ба монанди арӯс,

Чатр аз гул ба сари хеш кашидаст, биё!

Аввалин ғунча ба гулзор шукуфон шудааст,

Боиси чаҳ-чаҳи мурғони хушилҳон шудааст.

Ҳар тараф менигарам, дил зи фараҳ меболад,

Ваҳ, табиат чи қадар хурраму хандон шудааст!

Ин саҳар аз бари гулзор гузар бинмудам,

Ба рухи тозаи гулғунча назар бинмудам.

Ғарқи андеша нишаста ба лаби ҷӯи пуроб,

Ёди он лоларухи тозаю тар бинмудам.

Ёри гулбоз! Биё, аз қаду бастат гардам!

Ғунчаро дида, даҳони ту ба ёд овардам,

Ҷӯш зан, чашмаи ишқам, ба ҳазорон уммед

Остин бар зада бар чидани гул сар кардам.

Шарфаи пои ту ногоҳ ба гӯшам бирасид,

Дили бесабрам аз андоза бурунтар битапид.

То ту чун кабк задӣ хандаи мастона зи ноз,

Синаам аз асари ваҷд чу дарё бидамид.

Омадӣ, ваҳ, ба дилам тозаумед овардӣ!

Аз бақодории ишқат ту навид овардӣ!

Марҳабо, эй шафақи субҳи дурахшони мурод,

Ёри дилбохтаро бахти сафед овардӣ!

эзоҳ[вироиш]

  1. Ҷашни 80-солагии шоир Алӣ Бобоҷон
  2. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 59 ISBN 978-99947-2-379-9
  3. Алӣ Бобоҷон
  4. Зодрӯзи Алӣ Бобоҷон – адиби маъруфи кӯдакнависи тоҷик