Jump to content

Назир Амирхонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Амирхонов Назир)
Назир Амирхонов

Назир Амирхонов (тав. 31 декабри 1933, деҳаи Қистакӯзи ноҳияи Хуҷанд) — биолог, доктори илмҳои биология (1976), профессор (1978), узви ҳақиқии АИ Нию-Ёрк (1996).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Институти давлатии Самарқанд (ҳоло донишгоҳ, 1955). Ассистент (1956 – 63), дотсент (1963 – 78), декани факултети биологияи Институти давлатии Самарқанд (1978 – 83). Аз соли 1983 мудири кафедраи биологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд. Муаллифи 80 таълифоти илмӣ, ки бештар ба масъалаҳои интродуксия ва мутобиқати рустаниҳо ба шароити камобӣ бахшида шудаанд.