Назир Амирхонов
Зоҳир
Назир Амирхонов (тав. 31 декабри 1933, деҳаи Қистакӯзи ноҳияи Хуҷанд) — биолог, доктори илмҳои биология (1976), профессор (1978), узви ҳақиқии АИ Нию-Ёрк (1996).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Институти давлатии Самарқанд (ҳоло донишгоҳ, 1955). Ассистент (1956 – 63), дотсент (1963 – 78), декани факултети биологияи Институти давлатии Самарқанд (1978 – 83). Аз соли 1983 мудири кафедраи биологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд. Муаллифи 80 таълифоти илмӣ, ки бештар ба масъалаҳои интродуксия ва мутобиқати рустаниҳо ба шароити камобӣ бахшида шудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |