Амиршо Миралиев
Амиршо Миралиев | |
|---|---|
| Таваллуд |
20 декабр 1946 |
| Даргузашт |
6 декабр 2023 (76 сол) |
| Таҳсилот | |
| Ҷоизаҳо | |
Амиршо Миралиев (20 декабр 1946, ноҳияи Данғара, Вилояти Кӯлоб — 6 декабр 2023, Истанбул) — давлатмард ва сиёсатмадори тоҷик, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Амиршо Миралиев соли 1946 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Дар соли 1970 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо тахассуси агроном ва соли 1988 Мактаби олии ҳизби коммунисти Ленинградро хатм кардааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1970–1972 дар саффи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС бо дараҷаи лейтенанти калон фармондеҳи таҳми тирандозии якони № 39485 дар вилояти Приморие (Русия) хидмат карда аст. Сипас нозир, мудири шуъбаи созмонҳои комсомолии Кумитаи комсомоли ноҳияи Данғара (1972—1974), нозир, мудири бахши таҳсилоти техникию касбии ҷавонон, муовини мудири шуъба, мудири шуъбаи коргарҷавонон ва ҷавонони деҳоти КМ Комсомоли Тоҷикистон (1974—1980), нозири Комиссияи назорати ҳизбии назди КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (1980—1986), донишҷӯи Мактаби олии ҳизбӣ (Ленинград, 1986-88), котиби якуми Кумитаи Ҳизби коммунистии ноҳияи Москва; 1988—1991), раиси Шуро — раиси Кумитаи иҷроияи Шурои вакилони халқи ноҳияи Москва (1991—1994), мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои сиёсати кадрҳо (1994—2000), раиси Комиссияи ахлоқ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000—2001), раиси вилояти Хатлон (2001—2006), роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006—2010), муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 16 марти 2010) буд. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000—2001, 2010—2015) интихоб шудааст.
Дар интихоботи парлумонии соли 2015 Амиршо Миралиев ба далели расидан ба синни бознишастагӣ аз сӯи ҳизби ҳоким пешбарӣ нагардид ва бознишаста шуд. Ва пас аз ду моҳи бознишастагӣ раиси Шурои мудирони «Соҳибкорбонк» ва раиси Анҷумани бонкҳои Тоҷикистон интихоб шуд[1].
Унвону ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон»;
- ордени Исмоили Сомонӣ (дараҷаи 2);
- медали «Барои меҳнати шоён»;
- медали ҷашнии «10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Амиршо Миралиев дар яке аз бемористонҳои Истанбули Туркия пас аз ҷарроҳии бемории сутунмуҳра 6 декабри соли 2023 даргузашт[2].
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Миралиев Амиршо // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 435. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]МАЪЛУМОТНОМА ДАР БОРАИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Мақоми нави Амиршо Миралиев(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 29 октябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ Амиршо Миралиев, роҳбари собиқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва раиси пешини вилояти Хатлон даргузашт. asiaplustj.info. ASIA-Plus (6 Декабри 2023). 7 Декабри 2023 санҷида шуд.
- Зодагони 20 декабр
- Зодагони соли 1946
- Зодагони ноҳияи Данғара
- Даргузаштагони 6 декабр
- Даргузаштагони соли 2023
- Даргузаштагони Истанбул
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Дорандагони ордени Исмоили Сомонӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV
- Сиёсатмадорони Тоҷикистон
- Сиёсатмадорони асри XXI
- Кормандони шоистаи Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон