Амир Шайхӣ
Зоҳир
Амир Шайхӣ (1420, Сабзавор — 1534, ҳамон ҷо) — мусиқидон, навозанда, оҳангсоз ва шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Донишу ҳунарро дар зодгоҳаш омӯхтааст. Барои такмили дониш муддате ба Бағдоду Ҳирот рафта, санъати навозандагию сарояндагиро аз устодони мусиқӣ фаро гирифт. Дар риёзиёт ва шеър ҳам маҳорат дошта, дар навохтани уд, танбӯр, рубобу чанг устод будааст. Бисёр асарҳои мусиқӣ тасниф намудааст. Амир Шайхӣ яке аз аввалин ҳунармандонест, ки бар вазни зарби «Миатайн» асарҳои мусиқӣ эҷод кардааст. Шайхӣ тахаллуси ӯ дар шеър аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Амир Шайхӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Раҷабов А., Афкори мусиқии тоҷикон дар асрҳои XII—XV, Д., 1989;
- Раҷабов А., Мусиқии тоҷикон ва анъанаҳои таърихии он дар садаҳои XVI—XVII, Д., 2007.