Аммоний
Аммоний, NH+4 — иони яквалента, ки дар натиҷаи аз ҷуфти электрони тақсимнашудаи атоми нитроген ба молекулаи аммиак пайваст шудани протон (Н+) ҳосил мешавад.
Дар таркиби бисёр пайвастҳо мавҷуд буда, вазифаи иони яквалентаро иҷро мекунад. Аммоний дар маҳлул мусбатзаряд аст, мac., гидрооксиди аммоний — NH4OH ва намакҳои он сулфати аммоний — (NH4)2SО4, хлориди аммоний — NH4CI, нитрати аммоний — NH4NO3, карбонати аммоний — (NН4)2CО3 ва ғ. Дар маҳлули обӣ намакҳои аммоний ҷудо шуда, катиони аммоний ҳосил мекунанд. Бисёр намакҳои аммоний моддаҳои кристаллии беранг буда, дар об нағз ҳал мешаванд; мавриди гарм кардан таҷзия шуда, NH3 ҷудо мекунанд. Вақти ба намакҳои аммоний таъсир намудани ишқор NH3 ҷудо мешавад. Реаксияи мазкурро барои ошкор намудани NH3 кор мефармоянд.
Намакҳои муҳимтарини аммоний намакҳои нитрат ва карбонати аммоний мебошанд. Онҳо чун нуриҳои нитрогендор истифода мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин химия мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |