Ангезаҳои рушди рустанӣ
Ангезаҳои рушди рустанӣ, ё фитоҳормонҳо — пайвастҳои табиӣ ё сунъӣ, ки рушду инкишофи рустаниро метезонанд. Ба ангезаҳои табиӣ фитогормонҳо (аз қабили ауксинҳо, гиббереллинҳо, ситокининҳо) ва баъзе витаминҳо мансубанд. Баъзе ангезаҳо, бахусус аз гурӯҳи ауксинҳо (гетероауксин, кислотаи индолбутанат ва кислотаи α-нафтиласетат)-ро бо роҳи синтез ҳосил кардан мумкин аст. Моддаҳои гурӯҳи ауксинҳоро барои тезондани решагирии қаламчаҳои дарахтони мева (олу, олуболу ва ғайра) ва рустаниҳои ороишӣ истифода мебаранд. Моддаҳои гурӯҳи гиббереллинҳо рушди поя ва раванди ҳосилшавии меваро метезонанд. Ангезаҳои сунъӣ фаъолияти ингибиторҳои рушди даруниро қисман суст карда, фаъолияти фитогормонҳоро афзун мегардонад. Ангезаро дар шакли маҳлул, хамира, эмулсия, аэрозол, буғ истифода мебаранд. Дар натиҷаи кор фармудани ангеза дарахтони мева зуд гул карда, самар меоранд, андозаи мева калон (мас., ангур) мешавад. Ангезаро барои пешгирии рехтани меваи дарахтони себу нок, аз ҳолати карахтӣ баровардани тухмӣ, зуд пухта расондани меваҳои ғундошта ва ғ. низ ба кор мебаранд.
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Никелл Л. Дж., Регуляторы роста растений, М., 1984;
- Кефели И., Прусакова Л. Д., Химические регуляторы растений, М., 1985.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Безуглова О. С. Гуминовые препараты — стимуляторы роста. Удобрения и стимуляторы роста. 22 феврали 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 феврали 2015.
- Шноль С. Э. Гормоны растений. «Биохимия», цикл лекций профессора Шноля С. Э.. 22 феврали 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 феврали 2015.
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.