Андрей Гречко
Андрей Гречко | |
---|---|
Зодрӯз | 17 октябр 1903[1] |
Таърихи даргузашт | 26 апрел 1976[2][3][4][…] (72 сол) |
Мансубият | |
Солҳои хидмат | саворанизом[d] ва пиёданизом[d] |
Қисм | Marshal of the Soviet Union[d], сарвашт, саргурд, podpolkovnik[d], полковник, генерал-майор, генерал-лейтенант, Сипаҳсолор ва генерали артиш[d] |
Равобит | |
Соядаст | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Андрей Антонович Гречко (17 октябр 1903[1], Куйбишево[d], Don Host Oblast[d][1] — 26 апрел 1976[2][3][4][…], Маскав[1]) — сипаҳсолори шӯравӣ, генерали артиш, Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ (1955), ду бор Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1958, 1973). Аз соли 1919 дар сафи Артиши Шӯравӣ; дар ҷангҳои дохилӣ ширкат кард.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Академияи ҳарбии ба номи М. В. Фрунзе (1936) ва Академияи ҳарбии Ситоди кулл (1941). Дар мақомҳои фармондеҳию ситодӣ хидмат кардааст. Дар нахустин рӯзҳои ҶБВ (1941-45) дар Ситоди кулли Артиши Шӯравӣ кор кард, баъдан фармондеҳи дивизия ва корпусҳои савораи Ҷабҳаи Ҷанубӣ, баъд фармондеҳи армияҳои 12-ум, 47-ум, 18-ум, 56-ум ва Ҷабҳаи 1-уми Украина буд. Дар озод кардани Украина, Лаҳистон ва Чехославакия ширкат дошт. Солҳои 1945-53 фармондеҳи Округи ҳарбии Киев, 1953-57 сарфармондеҳи Гурӯҳи неруҳои ҳарбии шӯравӣ дар Олмон. Солҳои 1957-60 ҷонишини аввали вазири дифои ИҶШС — сарфармондеҳи ҳарбии қувваҳои хушкигард, 1960-67 сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи муттаҳидаи мамлакатҳои Шартномаи Варшава ва аз апрели 1967 вазири дифои ИҶШС буд. Узви Бюрои Сиёсии КМ ҲКИШ (аз 1973), депутати Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 2-9).
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо 6 ордени Ленин, 3 ордени Байрақи Сурх, 2 ордени Суворов (дараҷаи 1), 2 ордени Кутузов (дараҷаи 1), ордени Суворов (дараҷаи 2), ордени Богдан Хмелнитский (дараҷаи 1), бисёр орденҳои хориҷӣ ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Через Карпаты. 2 изд. М., 1972;
- Битва за Кавказ. 2 изд. М., 1973. Освобождение Киева. М., 1973;
- Годы войны, 1941—1943. М., 1976.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 Большая российская энциклопедия (рус.) — М.: Большая российская энциклопедия, 2004.
- ↑ 2.0 2.1 filmportal.de — 2005.
- ↑ 3.0 3.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 4.0 4.1 TracesOfWar
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гречко Андрей Антонович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 17 октябр
- Зодагони соли 1903
- Даргузаштагони 26 апрел
- Даргузаштагони соли 1976
- Даргузаштагони Маскав
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони Империяи Русия