Jump to content

Аноният

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аноният (ар. أنانية‎ — манманӣ‎), худбинӣ, эгои́зм (юн.-қад. Εγώ, лот. ego — «ман») — рафтори худписандонаи ахлоқиест, ки муносибати фардии инсонро ба ҷамъият ва одамон тавсиф мекунад.

Аноният дар нисбат додани ҳар чиз ба шахси худ ва ҳама чизро аз худ донистан, манфиати шахсии худро нисбат ба дигарон авлотар донистан зоҳир мешавад. Аноният хилофи ғайрбинӣ (алтруизм) буда, мазмуну моҳияти зиддигуманистӣ дорад. Дар афкори ахлоқии мутафаккирони асрҳои миёнаи форс-тоҷик аноният хислати бади инсонӣ ба шумор рафта, ба он фазилатҳои неки ахлоқӣ муқобил гузошта шудаанд. Муаллифони «Ахлоқи Носирӣ» ва «Ахлоқи Ҷалолӣ» анониятро бо такаббур ва кибру ғурур дар як зина қарор дода, ба онҳо ахлоқи ҳамидаи инсониро муқобил мегузоранд. Закариёи Розӣ дар «Тибби рӯҳонӣ» масъалаи анониятро таҳлил намуда, шахсонеро, ки нафси худро беш аз андоза дӯст медоранд, накӯҳиш карда гуфтааст: «шахсе, ки гирифтори худбинист, барои ислоҳу таҳзиби он бояд бикӯшад». Дар ашъори панду ахлоқии шоирони классики форс-тоҷик масъалаи аз аноният дурӣ ҷустан ва ноил шудан ба сифатҳои неки инсонӣ хеле барҷаста ифода ёфтааст. Масалан:

Машав худбин, ки он бошад ҳалокат,
Ва з-он тира бимонад ҷони покат.

Носири Хусрав

Яке он, ки дар нафс худбин мабош,
Дигар он, ки дар ҷамъ бадбин мабош.

Саъдии Шерозӣ

Дар афкори ахлоқии шоирону мутафаккирони тоҷик заминаҳои иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии принсипҳои ахлоқ, аз ҷумла аноният муайян нагашта бошад ҳам, ғояҳои иззати нафси хеш, ҳифзи қадру қимат, ҳуқуқи ба саодат расидани фард ва ғайра барои то андозае озод шудани афкори одамон аз тасаввуроти динӣ, «ночизу оҷиз ва осиву пургуноҳ» будани инсон ва мубориза бар зидди тартиботи феодалӣ мусоидат кардаанд.