Антонио Вивалди
Антонио Вивалди | |
---|---|
итол. Antonio Vivaldi | |
![]() | |
Иттилооти асосӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд | итол. Antonio Lucio Vivaldi |
Таърихи таваллуд | 4 март 1678[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 28 июл 1741[1][2][3][…] (63 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Солҳои фаъолият | 1685 — 1741 |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз |
Соз | скрипка[4], Клавесин ва pipe organ[d] |
Сабк | опера, Мусиқии камеравӣ ва мусиқии килоссик[d] |
Номи мустаъор | il Prete Rosso[4] |
Соядаст | |
![]() |
Вивалди Антонио (1677-1741) — композитори барҷастаи итолиёвӣ, скрипканавоз, дирижёр, омӯзгор.
Зиндагинома[вироиш]
Вивалди дар солҳои кӯдакӣ дар навохтани скрипка моҳир гардид. Аз соли 1714 роҳбари оркестр ва хори Консерваторияи Делла Петтаи Венетсия буд. Дар назди падараш, шояд дар назди Ҷ. Легренси таълим гирифтааст. Бо кушиш ва пурэҳсосии худ, ҳамчун скрипканавози моҳир фарқ мекард. Ба навоварӣ, серамалии ҷасурона, унсурҳои ғайридинӣ дар эҷодиёти Вивалди на танҳо иҷрои пурҳарорати ӯ, балки, аз ҷониби вай шунида тавонистани пардаҳои сурудҳои маишии муосири итолёӣ мусоидат намудаанд. Вивалди яке аз композиторони сермаҳсул дар таърих буда, зиёда аз 40 опера,446 (дар баъзе маъхасҳо 465) консерти созӣ, ораторияҳо, кантатаҳо, мотетаҳо, мусиқӣ барои созҳои нафасӣ, асарҳои созиву камеравӣ ва вокалӣ эҷод кардааст. Вивалди яке аз асосгузорони жанри консерт барои созҳои якканавозӣ (скрипка, виолончел, виола д,амур, фагот, флейта, гобой, труба ва ғайра) бо оркестр мебошад. Мусиқии оркестрии ӯ бо тасвирнокии равшан, обуранги халқӣ фарқ мекунад (мас., чунинанд, силсилаи аз 4 –то консерти «Валсҳои сол» - намунаҳои аввали мусиқии симфонии барномавӣ).
Асарҳои Вивалди имрӯз низ қимати худро гум накардаанд, дар репертуари таълимии скрипканавозони ҷавон дохил карда мешаванд.[6]
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ 1.0 1.1 1.2 Немецкая национальная библиотека, Берлинская государственная библиотека, Баварская государственная библиотека и др. Record #118627287 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
- ↑ 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF: платформа открытых данных — 2011.
- ↑ 3.0 3.1 SNAC — 2010.
- ↑ 4.0 4.1 4.2 https://www.francemusique.fr/personne/antonio-vivaldi
- ↑ 5.0 5.1 https://www.digitalarchivioricordi.com/it/people/display/9166 — 1808.
- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 85-86. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)