Jump to content

Анҷиршафтолу

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анҷиршафтолу
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Prunus persica var. platycarpa

Анҷиршафтолу (лот. Prunus persica var. platycarpa) — навъе аз шафтолуҳои маҳаллӣ.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дарахташ сершоху барг, шохаҳояш хамида, баландиаш 4 — 5 м. Навдаҳои офтобрасаш сурхча, навдаҳои тарафи сояаш сабзи зардтоб. Муғчааш калон, баргаш нештармонанд. Охири март — аввали апрел гул карда, мевааш август мепазад. Дарахти анҷиршафтолу худгардолуд мебошад. Гулаш калони гулобӣ, ғӯракаш серпашмак, мевааш миёнаҳаҷм (вазнаш 90 — 100 г), шалғамшакл, мағзаш зарди хуштаъм, серобу сершира ва андак нордон (12 — 13 % қанд, 0,25 — 0,35 % туршӣ дорад). Донакаш нисбатан майда (3,5 — 4 г).

Анҷиршафтолуро дар Осиёи Марказӣ, ҳамчунин дар Эрон, Афғонистон ва Хитой парвариш мекунанд. Дар Тоҷикистон дар боғҳои обӣ ва лалмии водии Ҳисор, вилоятҳои Хатлон ва Суғд хуб нашъунамо мекунад. Анҷиршафтолу дар ҳама гуна хок месабзад. Ба гармо, хушкӣ ва сармо тобовар аст: дар ҳарорати то — 20°С дарахташро сармо намезанад. Ниҳоли он баъди 3 — 4 соли шинондан ба ҳосил медарояд. Аз ҳар бех дарахти анҷиршафтолу 80 — 100 кг мева мегиранд.

Анҷиршафтолуро ба шафтолу, бодом, зардолу ва олуча пайванд кардан мумкин аст. Дар пайвандтаки хасаки шафтолу хуб рушд меёбад.

Меваашро тару хушк мехӯранд, аз он консерв тайёр мекунанд, мураббо мепазанд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».
  • Плодоводство Таджикистана, Д., 1970; Навъшиносӣ (помология), Д., 1999.