Jump to content

Анҷиршафтолуи сурх

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анҷиршафтолуи сурх
Табақабандии илмӣ
ХАТО: параметри latin пур нашудааст.
Номи байнулмилалии илмӣ
ОГОҲӢ ДАР БОРАИ ХАТО
Параметри latin пур нашудааст

Анҷиршафтолуи сурх — навъе аз шафтолуҳои миёнапазаки маҳаллӣ.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дарахташ сершохубарг, то 4 — 5 м қад мекашад. Дарозии шохаҳояш то 5 м, ранги навдаҳои офтобрасаш сурхча, навдаҳои тарафи сояаш сабзи зардтоб. Пӯстлохи танааш шахшӯл, хокистарранги кушод. Муғҷаҳояш калон, тӯда-тӯда ҷой гирифтаанд. Баргаш нӯгтез, нештаршакл, рӯяш суфта, сабзи кушод, канорҳояш дандонадор, думчааш дароз. Гулаш калони дуҷинса, гулобӣ, ғӯракаш серпашм. Мевааш миёнаҳаҷм (38 х 75×76 мм; вазнаш ба ҳисоби миёна 100—130 г), анҷирмонанд, чуқурчаи қифшакл дорад; рангаш асосан сафеди зардча, бо доғи сурхи сиёҳтоб пӯшида шудааст; думчааш кӯтоҳи ғафс. Гӯшти мевааш сафеди нахдор, нарм ва хушбӯй, пӯсташ бо душворӣ ҷудо мешавад; донакаш нисбатан майда (5 г), гирдаи паҳн, хокистарранги кушод, аз гӯшт ҷудо намешавад (аксар вақт мекафад), мағзаш талх. Анҷиршафтолуи сурх дар ҳама гуна хок месабзад. Гулаш худгардолуд аст. Дарахташ ба гармо ва сармо (то −22°С) тоб меоварад. Норасоии об ба сифату таъми мева таъсири манфӣ мерасонад. Ниҳолаш соли сеюми шинондан ба ҳосил медарояд. Аз ҳар га 200 сентнер ҳосил мегиранд. Меваашро барои тархӯрӣ, тайёр кардани шафтолуоб ва мураббо истифода мебаранд.

Анҷиршафтолуи сурхро дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва водии Ҳисор, инчунин дар Эрону Афғонистон, Хитой парвариш мекунанд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]