Аръар
| Аръар | ||||||||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| | ||||||||||||||||
| Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
|
Олам: Салтанат: Шоха: Синф: Тартиб: Оила: Ҷинс: Намуд: Гуна: Аръар |
||||||||||||||||
| Номи илмӣ | ||||||||||||||||
| Populus nigra var. italica Münchh., 1770 | ||||||||||||||||
| Мутародифот | ||||||||||||||||
| ||||||||||||||||
Аръáр, ар-ар, тирак[1] (лот. Pópulus nígra var. itálica, ё Populus nigra f. pyramidális) — дарахтест росту баланд аз ҷинси сафедор. Аръари худрӯй дар Осиёи Марказӣ дучор мешавад.
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аръар дарахти зудсабз буда, 40 — 45 м (баъзан зиёдтар) қад мекашад; қутраш то 2 метр, аҳромшакл. Муғҷааш хушбӯй. Барги аръари одӣ (дарозиаш 8 — 10 см, бараш 6 — 7 см), думчадор, шаклан гуногун аст. Пеш аз баромадани барг ё ҳамроҳи он гул мекунад. Аръар дарахти рӯшноипарвар ва намидӯст аст. Ба хокҳои шӯр ва ҳавои гарм тобовар буда, навдаҳои наврустааш аз сармои бармаҳал зарар мебинанд.
Корбурдҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Онро аз замонҳои қадим барои муҳофизати киштзору соҳил ва чун дарахти ороишӣ қад-қади роҳ, наҳру дарё, ҷӯйҳо, дар боғ, кӯчабоғу гулбоғҳо мешинонанд. Чӯби аръар дар сохтмону наҷҷорӣ истифода мешавад. Аръарро дар аввали баҳор асосан бо қаламча зиёд мекунанд.
Синонимҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Populus basiattenuata Dode, 1905
- Populus dilatata Aiton, 1789
- Populus fastigiata Foug., 1787
- Populus italica (Münchh.) Moench, 1772
- Populus nigra f. pyramidalis (Rozier) Delaunay, 2015
- Populus nigra subsp. pyramidalis (Rozier) Čelak., 1871
- Populus nigra var. elegans L.H.Bailey, 1894
- Populus pyramidalis Rozier, 1785
- Populus pyramidata Moench, 1794
- Populus scythica Dode, 1905
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Тирак чист? Маънои вожаи тирак(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 27 май 2019 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аръар // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Ар-ар // А — Гавҳар. — Д. : СИЭСТ, 1978. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 1).
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ар-ар ба ҷои санавбар. Ё шарт аст, ки ҳар сол бо сарфи маблағи ҳангуфт аз Русия симчӯб оварем?, «Ҷумҳурият».