Асвади Ансӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Асвади Ансӣ
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: воиз, паёмбар, сарлашкар, фармонраво
Таърихи таваллуд: номаълум
Таърихи даргузашт: 632[1]
Маҳалли даргузашт:
Вироиши Викидода

Абҳала ибни Каъб (ар. عبهلة بن كعب‎; номаълум632[1], Яман), маъруф ба Асвади Ансӣ (ар. الاسود العنسي‎) ва Зулхимор (ар. ذو الخمار‎) — аз сарони қабилаи Мазҳиҷ дар Яман ва аввалин муртад дар ислом.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Зулхимор дар замони ҳаёти паёмбар (с) аз дин баргашт ва яке аз муддаиёни нубувват дар ибтидои ислом гардид. Вай дар аввал аҳли қабилаашро ба худ моил гардонид ва баъдан дар муддати кӯтоҳ то ба Наҷрону Санъо даст ёфт. Нуфузи Зулхимор аз саҳрои Ҳазрамавт то Тоиф, Баҳрайн, Аҳсо ва Адан паҳн шуд. Ӯ 700 савори ҷангӣ дар хидмат дошт ва ба гуфтаи Балозурӣ, худро дар баробари Мусайлима, ки хешро «Раҳмони Ямома» номида буд, «Раҳмони Яман» номид. Зулхимор саранҷом ба василаи ҳамсараш Озод ва чанд тан аз абно — эрониёни муқими Яман, ки ба ислом гаравида буданд, як моҳ пеш аз фавти паёмбар (с) кушта шуд. Ба гуфтаи Балозурӣ, номи ҳамсари Зулхимор Марзбона буд, ки аз ӯ нафрат дошт. Марзбона бо Қайси Ҳимярӣ ва Фирӯзи Дайламӣ ҳамдаст гардид ва онҳо Зулхиморро дар қасраш ба ҳалокат расониданд. Хабари кушта шудани Зулхимор дар замони хилофати Абубакр ба Мадина расид.

Зириклӣ ба нақл аз «Ғирболу-з-замон» овардааст, ки Зулхимор соли 631 зуҳур кард ва ӯро шайтоне буд, ки аз умури ғайбӣ хабараш медод ва дар натиҷа мардуми бисёре ба сабаби вай гумроҳ гардиданд. Балозурӣ дар бораи маънои номи Зулхимор ва чунин лақаб гирифтанаш ду сабабро зикр кардааст: яке он ки вай ҳамеша бо химор (ниқоб)-е рӯи худро аз мардум пӯшида медошт ва ба Зулхимор — «ниқобпӯш» мулаққаб гардид, дигаре он ки вай хари таълимдидае дошт, ки вақте ба вай мегуфт: «Барои парвардгорат саҷда кун!», ба саҷда мерафт ва вақте мегуфт: «Бихоб!», ба замин мехобид. Пас ӯро Зулҳимор — соҳиби хар номиданд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]