Jump to content

Аскиягӯӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

АСКИЯ/АСКИЯГӮӢ- номи яке аз шаклҳои осори шифоҳии тоҷик аст, ки мутоиба ва ҳазлпардозиҳои миёни чанд нафар ё чанд гурӯҳро дар бар мегирад. Аскиягӯӣ маъмулан дар вақти истироҳат аз кор, дар маҳфилҳо, нишастҳои дӯстонаи «оши ҳарифона», ҷашнҳои арӯсӣ ва дигар айёми иду ҷашн дар чойхонаҳо, истироҳатгоҳҳо ва ғ. ба манзури саргармӣ, мусобиқаҳои дӯстона ва истироҳат баргузор мегардид. Муҳимтарин хусусияти аския ҷавоби бетаъхир ва мулзамкунанда, зеҳни тезу гиро, маҳорати гуфтани сухани маҷозӣ ва авҷи хандаи гурӯҳҳои аскиягӯ мебошад. Агар гурӯҳи аскиягӯ дар гуфтани посух лаҳзае таъхир кунад, мағлуб шумурда мешавад. Аз ин ҷиҳат аския ба унсурҳои бадеҳа, байтбарак ва латифа наздик ва монанд аст. Аския дар фарҳанги суннатии тоҷикон таърихи куҳан дошта ва дар минтақаҳои гуногун бо номҳои гуногун ривоҷ ёфтааст. Аз ҷумла, дар Панҷакент, Самарқанд ва Бухоро аския ё қофия, дар водии Ҳисор ва минтақаи Кӯлоб қофия, дар водиҳои Рашту Дарвоз лақича, дар минтақаи Бадахшон назир машҳур аст. Аския дорои ду шакл мебошад: аскияи мухтасар ва муфассал. Аскияи мухтасар аз як ё ду муколамаи мутоибаомез (2-3 дақиқа) ва аскияи мукаммал - мураккаб аз силсилаи муколамаҳои ҳазломез перомуни мавзӯи хос (5-20 дақиқа) иборат аст. Аз машҳуртарин аскиягӯён/қофиягӯёни тоҷик дар фарҳанги шифоҳии даҳсолаҳои гузашта Муллоёри Ванҷӣ (Ванҷ), Саидалӣ Вализода (Кӯлоб), Мелибои Киштӯдӣ ва Ҷумъаи Анта (Панҷакент), Нағзибек (Бадахшон) Қодир-ҷӯгӣ (Ёвон) ва дигарон шинохта шудаанд.[1]