Аслам Додихудоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аслам Додихудоев
Таърихи таваллуд: 1 апрел 1946(1946-04-01)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 13 ноябр 2023(2023-11-13) (77 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: рӯзноманигор

Раҳматихудо Додихудоев (1 апрел 1946, Жовид, Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон13 ноябр 2023, Душанбе) — рӯзноманигори тоҷик[1]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Асламшо (Раҳматшо) Додихудоев 1 апрели соли 1946 дар деҳаи Жовиди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст. Баъди хатми синфи 7 таҳсилро дар Ҳунаристони № 11-и шаҳраки Чиптураи ноҳияи Ҳисор давом дод ва онро соли 1964 хатм намуд. Соли 1965 ба Шӯъбаи шабонаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, баробари таҳсил ба фаъолияти корӣ низ машғул буд.

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввал сохтмончӣ, челонгари заводи худравтаъмиркунӣ, муаллим, аз соли 1967 корманди рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва аз соли 1969 то соли 1992 дар Кумитаи телевизиону радиои ҷумҳурӣ ба ҳайси муҳаррири барномаҳои мусиқии радио, муҳаррир, муҳаррири калон, мудири шӯъба, муовини сармуҳаррир, сармуҳаррири барномаи «Ахбор»-и телевизион шуда кор кард.

Бо ташаббуси ӯ дар телевизион барномаҳои «Ҳафта» (то имрӯз давом дорад) ва барномаи хеле машҳури «Негатив» ба тамошобинони ҷумҳурӣ пешкаш гардиданд.

Соли 1992—1993 дар Кабинети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мутахассиси калон фаъолият намудааст.

Солҳои 1993—1995 мухбири ширкати телевизиони байнидавлатии «Мир» ва аз соли 1995 то даҳаи асри нав сардори Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ва сардабири маҷаллаи «Ахбори бонки миллии Тоҷикистон» шуда кор мекард.

Унвону ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1990 ба гирифтани унвони фахрии «Журналисти хизматнишондодаи Тоҷикистон» ноил шудааст. Аслам Додихудоев аз аъзои Раёсати ИЖТ буд.

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Аслам Додихудоев 13 ноябри 2023 бар асари беморӣ дар беморхонаи маъруф ба «Медгородок»-и шаҳри Душанбе дар синни 77-солагӣ даргузашт[2].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, прогноз погоды на 1 апреля 2014 года (Азия Плюс) http://news.tj/ru/news/salom-aleikum-tadzhikistan-anonsy-sobytii-prognoz-pogody-na-1-aprelya-2014-goda Бойгонӣ шудааст 10 августи 2014  сол.
  2. Даргузашти Аслам Додихудоев - собиқ сармуҳаррири барномаи “Ахбор”-и ТВТ ва роҳбари дафтари матбуоти БМТ. old.asiaplustj.info. ASIA-Plus (203-11-13). 14 ноябри 2023 санҷида шуд.