Jump to content

Аспи аҳалтекинӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиши озоди аспи аҳалтекинӣ
Ҷаҳиши озоди аспи аҳалтекинӣ
Аспи қадимии Ахалтекин, биринҷӣ, асри 4-1 пеш аз милод.

Аспи аҳалтекинӣ, ахалтекинӣ (туркм. Ahal-teke aty) — зоти аспҳои қадимии саворӣ. Таърихи пайдоиши аспи аҳалтекинӣ аз замонҳои хеле қадим — аз даврае маншаъ мегирад, ки мардуми сершумори эронитабор дар сарзамини Осиёи Марказӣ сукунат доштанд. Онҳо аспҳое ба вуҷуд оварданд, ки аз ҷиҳати зебоӣ ва тавоноӣ машҳури олам гаштанд. Мавҷудияти ин навъи аспро тақрибан 5000 сол гуфтаанд. Оид ба ривоҷи асппарварӣ дар Осиёи Марказӣ муаррихон ва ҷуғрофидонҳои давраи атиқа маълумот додаанд. Ҳеродот (асри 5 то милод) навиштааст, ки «Дар Мод ҳамворие бо номи Нисо мавҷуд аст ва дар он ҷо аспони боҳашамат мепарваранд». Мод дар замони Ҳеродот яке аз марказҳои маъмурии империяи бузурги ориёиҳо ва Нисо яке аз марказҳои тамаддунии онон буд, ки дар он замон қавмҳои турктабор дар он макон зиндагӣ намекарданд. Дар давраҳои баъдӣ ин аспҳо бо номҳои дигар ёд мешаванд, вале як чиз мусаллам аст, ки онҳо ҳамон зоти аспони қадим буда, аз як тамаддун ба тамаддуни дигар ба мерос мондаанд.
Нарёнҳои аспи аҳалтекинӣ аз садаи XV то миёнаҳои садаи XIX барои беҳтар гардондани зоти аспҳои бисёр, аз ҷумла аспҳои эронию афғонӣ истифода бурдаанд. Аспи аҳалтекинӣ сари хурд, рӯй ва гӯшу гардани дароз, пойҳои пурқувват дорад; ёлаш кӯтоҳ аст. Бештар саманди ёлудумсиёҳ, абраш-ҷеран, адҳамтӯруқ, сиёҳмушкин мешавад. Аспи аҳалтекинӣ камғизо буда, гашти зебо дорад. Баландии қадаш ба ҳисоби миёна 160 (даври қафаси синааш 160—165) см; модиёнаш қадре пасттар аст. Суръати дави рекордиаш: 1000 метр дар 1 дақиқа 5 сония; 1600 метр дар 1 дақиқа 43,6 сония; 2000 метр дар 2 дақиқа 13,6 сония; 2400 метр дар 2 дақиқа 41,6 сония; 3200 метр дар 3 дақиқа 42,6 сония; 7000 метр дар 9 дақиқа 06 сония аспи аҳалтекинӣ барои ба вуҷуд овардани аспҳои асили савории англисӣ, арабӣ, қаробоҳирӣ, тракененӣ, донӣ, орловӣ, қаробоғӣ ва қисман лақайӣ истифода шудааст. Ба иқлими гарму хушк нағз мутобиқ мегардад. Соли 1935 савораҳо роҳи байни Ашқобод — Маскавро бо аспи аҳалтекинӣ дар 84 рӯз паймуданд (360 километри ин масофа аз биёбони Қароқум мегузашт).

  • Волкова Е. Ахалтекинцы // маҷ. «Конный мир». 2000, № 1;
  • Айдогдыев Москва, Языев А. Коневодческая культура огузов — туркмен // Нейтральный Туркменистан. 2002 (22. 26. 27 апрель).