Jump to content

Ассотсиатсияи Кореягиҳои Шӯравии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Ассотсиатсияи Кореягиҳои Шӯравии Тоҷикистон — ташкилоти ҷамъиятии кореягиҳои муқими Тоҷикистон. Январи 1990 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. 1700 нафар кореягии Тоҷикистонро муттаҳид мекунад. Ассотсиатсия дар вил. Суғд, шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Ноҳияи Турсунзода, Ҷалолуддини Румӣ ва Шаҳритус ташкилотҳои ибтидоӣ дорад. Мақсади асосии Ассотсиатсия: эҳё ва нигаҳдошти фарҳангу забони миллӣ, дастгирии ҳуқуқӣ ва маънавии ин ҷамъият; таъмини таҳаммулпазирӣ, гуногунфарҳангӣ ва ҳамоҳангсозии муносибатҳои миллӣ дар Тоҷикистон. Барои пешбурди фаъолият, дастрас намудани маводди нашрию иттилоотӣ, китобҳои дарсӣ ва гирифтани ёрии моддӣ бо ватани таърихии хеш робита барқарор кардааст. Асосгузор ва раиси раёсати Ассотсиатсия Ким В. М. узви Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти ҶТ мебошад.

/ М. Шарифзода.