Ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ)
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ
Ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Tajikistan-coat-of-arms.jpg Тоҷикистон Flag of Tajikistan.svg
Вилоят : Хатлон
Марказ: шаҳраки ба номи Сироҷиддин Исоев
Замони таъсис : 21 марти соли 1933
Раиси ноҳия:
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 905,02 км²
Шумораи шаҳракҳо : 2
Шумораи ҷамоатҳо : 8
Мардум
Аҳолӣ (2016) : 181,9 ҳаз. кас
Зичии аҳолӣ (2016) : 202,2 кас/км²
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ, узбекӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : KO
ISO-намоя : TJ.KL.KO
Пешшумора : +992 3247
Нишонии почта : 735200
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 03РТ

Ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ (порсӣ: ناحیۀ جلال الدین رومی) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Маркази ин ноҳия шаҳраки ба номи Сироҷиддин Исоев (порсӣ: سراج الدین عیسی اف) аст ки 32 км ҷанубтар аз шаҳри Қурғонтеппа, дар доманакӯҳ ва канораи рӯди Қумсангир ҷой дорад. Аз ин шаҳрак то Душанбе 132 км роҳ аст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №29 аз 2 феврали соли 2016 ва қарори Маҷлиси Миллии МО Ҷумҳурии Тоҷикистон № 204 аз 3 марти соли 2016 ба номгузории ноҳия тағйирот дароварда шуда, номи Ҷалолиддин Балхӣ гузошта шудааст[1].

Ҷойгоҳ[вироиш]

Ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ дар водии Вахш ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияҳои Бохтар ва Вахш, дар шарқ — бо ноҳияи Фархор, дар ғарб — бо ноҳияи Дӯстӣ ва дар ҷануб — бо ноҳияҳои Ҷайҳун ва Панҷ аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамсоя аст.

Таърих[вироиш]

Ин ноҳия 21 марти соли 1933 дар бахше аз вилояти Қурғонтеппа дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст ва нахуст ноҳияи Вахш ном дошт.

Роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна номи ин ноҳияро Ҳаловард (порсӣ: هلاورد) ёд кардаанд.

Ҳаловард дар замони Сомониён яке аз ду шаҳри калони Вахшонзамин буда ва арку шаҳристону рабаз дошт ва калонтар аз Ҳулбук будааст. Бино бар навиштаи «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб», «Ҳаловард қасабаи Вахш аст, шаҳрест бо кишту барзу рустоҳои бисёр ва мардумони тирандозу ҷангӣ»[2]. Шаҳри Ҳаловардро Истахрӣ дар «Масолик вал-мамолик», Муқаддасӣ дар «Аҳсан ат-тақосим фӣ марифат ал-ақолим», ибни Ҳавқал дар «Сурат ул-арз», Ёқути Ҳамавӣ дар «Мӯъҷам ул-булдон» ва Абурайҳон Берунӣ низ дар осораш ёд кардаанд.

Бино бар бозёфтҳои бостоншиносӣ, шаҳри Ҳаловард дар замони Кушониён падид омада[3] ва дар садаҳои миёна маркази Вахшонзамин будааст. Ин шаҳр дар соли 750 милодӣ ба дасти арабҳо вайрон шуда[4] ва бостоншиносон харобаҳои онро дар канораи ғарбии шаҳраки Колхозобод ёфтаанд, ки 12 га масоҳат дорад ва имрӯз онро Кофирқалъа мехонанд[5]. Сипас маркази Вахшонзамин ба шаҳраке кӯчонда шуд ки 12 километр шимолу ғарбтар аз харобаҳои Кофирқалъа дар канораи рӯди Вахш ҷой дошт. Дар садаҳои миёна ин шаҳр низ Ҳаловард ном доштааст ва харобаҳои он ҳамакнун ба номи «Золи Зар» наздики деҳаи Узун, дар канораи чапи рӯди Вахш, 12 км дуртар аз Колхозобод ва 23 км дуртар аз Қӯрғонтеппа бар ҷоянд[6].

Бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳанд, ки деҳа дар ҷои харобаҳои кунунии Золи Зар дар садаҳои III - IV милодӣ бунёд ёфтааст[7]. Пас аз истилои араб ва вайрон шудани Ҳаловарди якум, ин деҳа дар асрҳои X - XIII шаҳри калоне гардида[8] ва то ҳамлаи муғул маркази Вахшонзамин будааст, аммо дар соли 1221 аз дасти чингизиён нобуд шудааст[9].

Пас аз садсолаҳо вайронӣ ин сарзамин кам-кам обод шуд ва дар торихномаҳо дар соли 1884 аз рустое ёд мекунанд ки Туғаланг ном дошта ва бахше аз бекнишинии Қурғонтеппа дар Аморати Бухоро будааст. Дар соли 1919 ин русто 1400 буна хонавор дошта ва мардумаш кишоварзу чорводор будаанд. 21 марти 1933 рустои Туғаланг маркази идории ноҳияи Вахш ва яке аз марокизи ободонии водии Вахш гардид. 20 декабри соли 1934 Туғалангро ба ёди Лазар Каганович, яке аз раҳбарони яҳудитабори шуравӣ, Кагановичобод ва ноҳияи Вахшро ноҳияи Кагановичобод номиданд.

11 июни соли 1954 Кагановичобод расман шаҳрак (русӣ: Посёлок городского типа) эълом шуд. 3 июли соли 1957 шаҳраки Кагановичобод ба ёди ободгарони водии Вахш, ки аз шимоли Тоҷикистон кӯчонда шуда ва нахустин колхозҳоро дар водии Вахш ташкил карда буданд, Колхозобод номида шуд ва ноҳия низ ҳамномаш Колхозобод гардид.

10 январи 1991 ин шаҳракро ба ёди Сироҷиддин Исоев - Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ, яке аз ободгарони водии Вахш ки 28 сол раиси ин ноҳия буд, «шаҳраки ба номи Сироҷиддин Исоев» номиданд[10].

Ноҳияи Колхозобод 19 июли соли 2007 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ номида шуд, ҳарчанд рӯшанфикрони хатлонӣ аз масъулини ноҳия хоста буданд, ки номи торихии шаҳраку ноҳия - Ҳаловард бар ноҳия гузошта шавад[11]. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №29 аз 2 феврали соли 2016 ва қарори Маҷлиси Миллии МО Ҷумҳурии Тоҷикистон № 204 аз 3 марти соли 2016 ба номгузории ноҳия тағйирот дароварда шуда, номи Ҷалолиддин Балхӣ гузошта шудааст[12].

Решашиносии ном[вироиш]

Номи пешина ва бостонии ин ноҳия Ҳаловард буд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ин шаҳр дар замони Кушониён (оғози садаи I милодӣ то миёнаи садаи III милодӣ) падид омадааст, решаи вожаи Ҳаловардро дар забонҳои суғдӣ ва балхӣ бояд ҷуст. Азбаски ҳама шаҳрҳои бостонии мо гирдогирдашон девор доштаанд, бахши дувуми ин ҷойном «вард» бояд бозмондаи вожаи эронии бостони «warta-» (ба маънои «девордор») аз решаи «war-» бошад[13], ки «бора» ва «девор» аз он падид омадааст[14]. Ин вожа дар «Авесто» дар номи «Вари Ҷамкард» (дар паҳлавӣ «war-i jamkard» ва дар порсӣ «ور جمکرد» ба маънои «бораи Ҷамсохта»)[15] омада ва имрӯз низ дар номи рустоҳои Хумби Варӣ[16] ва Кангурт[17] низ барҷой мондааст. Ногуфта намонад ки Кангурт аз Ҳаловард чандон дур нест ва дар гузашта ҳар ду аз мавзеъҳои ободи Хатлон будаанд.

Мардум[вироиш]

Мардуми ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2016, ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ 181,9 ҳаз. тан ҷамъият дошт ва зичии аҳолиаш 202,1 кас/км² буд [18].

Бахшбандӣ[вироиш]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ 1 шаҳрак ва 8 ҷамоат[19]. : дорад:

Ҷамоатҳои ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ[20]
Ҷамоат Аҳолӣ
Исоев 20491
Гулистон 10205
Калинин 12377
Маданият 11297
Навобод 14446
Туғалон 20491
Узун 16428
Фрунзе 19069

Ҳукумат[вироиш]

Сарвари ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳия Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ барои 5 сол интихоб мекунанд.

Иқтисодиёт[вироиш]


Омӯзишу парвариш[вироиш]


Ниҳодҳои фарҳангӣ[вироиш]

Беҳдошту беҳзистӣ[вироиш]

Манобеъ[вироиш]

форсӣ:

  • «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). (Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда). – Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ш. / 1983 м.
  • Баҳор Меҳрдод. Пажӯҳише дар асотири Эрон (пораи нахуст ва дувум): - Теҳрон: Огоҳ, 1376 ҳ.ш. = 1997 м. чопи дувум.

русӣ:

  • Рашид ад-Дин. Сборник летописей, в трех томах. Перевод с персидского Л. А. Хетагурова, О. И. Смирновой, Ю. П. Верховского и А. К. Арендса.—М.—Л.: Изд-во АН СССР, 1946 – 1952 г. – т. 1 ч. 2.
  • Беленицкий А. М. Отчет о работе Вахшского отряда в 1947 г. Труды Согдийско-Таджикской археологической экспедиции, т. 1. — М. — Л., 1950. — с. 140—146.
  • Литвинский Б. А. Археологическое изучение Таджикистана советской наукой. — Сталинабад: Издательство АН Таджикской ССР, 1954. — 81 с.
  • Соловьев В. С. Работы Колхозабадского отряда. Археологические открытия 1981 года. — М., 1983. — с. 491—492.
  • Соловьев В. С. Работы на Кафыркале в Вахшской долине. Археологические работы в Таджикистане, вып. 18. — Душанбе, 1984.
  • Древности Таджикистана. Каталог выставки. — Душанбе: Дониш, 1985. — 343 с., саҳ. 156.
  • Соловьев В. С. Работы на Кафыркале в Вахшской долине в 1980 г. Археологические работы в Таджикистане вып. 20.—Душанбе, 1987.

англисӣ:

  • Kent R.G. Old Persian. Grammar. Texts. Lexicon. New Haven, 1953.
  • Boyce M. A Word-list of Manichean Middle Persian and Parthian. Tehran-Liège, 1977. – p. 26

Пайвандҳо[вироиш]

  • Умед Ҷайҳонӣ. ҚӮРҒОНТЕППА ё ЛЕВАКАНД [1]
  • Умед Ҷайҳонӣ: Ба номгузорӣ аз зовияи миллӣ бингарем [2]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Переименование 10 городов и районов, а также Кайраккумского водохранилища
  2. «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). (Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда). – Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ш. / 1983 м. – саҳ. 119
  3. Древности Таджикистана. Каталог выставки. — Душанбе: Дониш, 1985. — 343 с., саҳ. 156
  4. Соловьев В. С. Работы на Кафыркале в Вахшской долине в 1980 г. Археологические работы в Таджикистане вып. 20.—Душанбе, 1987. — с. 172—178. саҳ. 178
  5. Соловьев В. С. Работы на Кафыркале в Вахшской долине в 1980 г. Археологические работы в Таджикистане вып. 20.—Душанбе, 1987. — с. 172—178. саҳ. 167
  6. Беленицкий А. М. Отчет о работе Вахшского отряда в 1947 г. Труды Согдийско-Таджикской археологической экспедиции, т. 1. —М. —Л., 1950. — с. 140—146. саҳ. 144; Литвинский В. А. Археологическое изучение Таджикистана советской наукой. — Сталинабад: Изд-во АН ТаджССР, 1954. — 81 с. саҳ. 38
  7. Древности Таджикистана. Каталог выставки. — Душанбе: Дониш, 1985. — 343 с. – саҳ. 284
  8. Соловьев В. С. Работы Колхозабадского отряда. Археологические открытия 1981 года. — М., 1983. — с. 491—492. саҳ. 491
  9. Рашид ад-Дин. Сборник летописей, в трех томах. Перевод с персидского Л. А. Хетагурова, О. И. Смирновой, Ю. П. Верховского и А. К. Арендса.—М.—Л.: Изд-во АН СССР, 1946 – 1952 г. – ҷ. 1 б. 2, саҳ. 207, 218
  10. Стратегия социально-экономического развития пгт им. Исоева Колхозабадского района
  11. Умед Ҷайҳонӣ: Ба номгузорӣ аз зовияи миллӣ бингарем
  12. Переименование 10 городов и районов, а также Кайраккумского водохранилища
  13. Kent R.G. Old Persian. Grammar. Texts. Lexicon. New Haven, 1953. – p. 206
  14. Boyce M. A Word-list of Manichean Middle Persian and Parthian. Tehran-Liège, 1977. – p. 26
  15. Баҳор Меҳрдод. Пажӯҳише дар асотири Эрон (пораи нахуст ва дувум): - Теҳрон: Огоҳ, 1376 ҳ.ш. = 1997 м. чопи дувум. - саҳ. 194
  16. Хумби Варӣ дар 2 километрии шимоли Қалъаи Хумб (маркази ноҳияи Дарвоз) ҷой дорад ва «Қалъаи Хумб» худ баргардони ҳамин «Хумби Варӣ» аст ва маънои ҳар ду ҷойном якест: «Қалъае дар канораи рӯди Хумбоб»
  17. Кангурт бояд дигаргашта аз kangha-warta => kangawart => kangwart => kangurt бошад зеро *wa- дар эронии бостон дар суғдӣ u- ё ō- мегаштааст. Вожаи *warta- дар гӯиши тоҷикони Бухоро (ки бозмондагони суғдиёнанд) urd/ūrt гашта ки аз истилоҳоти кишоварзӣ ва ба маънои «ҷӯяк» ё «ҷӯйбор» аст. Аз он ҷо ки вожаи «девор» худ бозмонда аз *daiz- дар эронии бостон, *daēz- дар авестоӣ, didā дар порсии бостон, diza дар паҳлавӣ буда ва «диж» аз он аст ва «-вор» ки бозмонда аз «bāra» дар порсии нав (аз *wāra-ka-) аз решаи *war- аст, метавон гуфт ки Кангурт бо Кангдиж ҳаммаъност, яъне «қалъаи Канг» ки муҳимтарин шаҳри Турон будааст
  18. Маҷмӯаи омории «Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016». Агентии омори назди Президенти ҶТ.
  19. Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.
  20. http://www.undp.tj/files/maps/JCP/Tajik_pdf/Civil_Society/Kulyab_AO/CS15.pdf


Ноҳияҳои Хатлон
Ноҳияи Балҷувон · Ноҳияи Бохтар · Ноҳияи Вахш · Ноҳияи Восеъ · Ноҳияи Данғара · Ноҳияи Ёвон · Ноҳияи Кӯлоб · Ноҳияи Қубодиён · Ноҳияи Ҷайҳун · Ноҳияи Мӯъминобод · Ноҳияи Норак · Ноҳияи Носири Хусрав · Ноҳияи Панҷ · Ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ · Ноҳияи Сарбанд · Ноҳияи Темурмалик · Ноҳияи Фархор · Ноҳияи Ховалинг · Ноҳияи Хуросон · Ноҳияи Ҳамадонӣ · Ноҳияи Дӯстӣ · Ноҳияи Ҷомӣ · Ноҳияи Шаҳритус · Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин